Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 10 май қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.9600 сомонӣ, 1 евро = 10.6346 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1415 сомонӣ.
Имрӯз, 10 май қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.9700 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.6200 то 10.6700 сомонӣ ва 1 рубли русӣ 0.1420 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ