Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 31 июл, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.7991сомонӣ, 1 евро = 10.3161 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1457 сомонӣ.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА 8.7991 то 8.8200 сомонӣ, 1 евро аз 10.2200 то 10,3700 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1457 сомонӣ мебошад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ