Сайёҳӣ дигар ҳамроҳи Кумитаи ҷавонон нест
Дар Тоҷикистон барои бахши сайёҳӣ ниҳоди алоҳида таъсис шуд. Сохтори нав бо номи “Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон” акнун ба масъалаҳои ҷаҳонгардӣ дар кишвар машғул аст.
Зубайдулло Маҳмадуллоев, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, рӯзи 10-уми июн гуфтааст, бо ҷудо шудани бахши сайёҳӣ ниҳоди онҳо “Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш” ном гирифт. Қарори ҳукумат дар бораи таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ охири моҳи майи имсол ба тасвиб расид, аммо масъулин тоза ин тасмимро эълон карданд. То ҳол дар бораи роҳбари Кумитаи тозатаъсис ва сохтори он расман маълумот дар даст нест.
Ин ниҳод дар ҳоле ташкил шудааст, ки мақомот солҳои охир аз майли афзояндаи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон хабар медиҳанд. Соли гузашта беш аз 312 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки бино ба ҳисобҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба иқтисоди кишвар 156 миллион доллар фоида овардаанд.
Таҳқиқот нишон медиҳад, дар кишварҳои ҳамсояи аз назари табиату маконҳои диданӣ, монанди Қирғизистон, ин нишондод ду баробар бештар будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ