Сайёҳонро дар Тоҷикистон ҳимоя мекунанд
Муҳофизати сайёҳони хориҷиро ниҳоди махсуси навташкили назди ВКД ба уҳда хоҳад гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохила иттилоъ доданд.
Дар назди шуъбаи масъалаҳои экологии назди Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ниҳоди наве таъсис ётфт, ки сайёҳонро муҳофизат мекунанд. Ҳамчунин маълумоти заруриро дар хусуси мавзеъҳои таърихӣ ва маконҳои сайёҳиро пешниҳод мекунанд.
“Кормандони милитсия то макони буду боши сайёҳ онро ҳамроҳӣ мекнунад”- зикр намуд Анварҷон Ализода, сардори шуъбаи масъалаҳои экологии назди ВКД дар вохурӣ бо намондагони ширкатҳои сайёҳии кишвар.
Ёдовар бояд шуд, ки бегоҳии рӯзи 29 июли соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Себистони Данғара ронандаи автомобил шаш сайёҳи дучархаронро зер намуда баъд бо асбобҳои бурранда онҳоро захмӣ намуданд. Дар натиҷа чортои ин сайёҳон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида ду нафари дигарро ба беморхонаи марказии ноҳияи Дангара интиқол доданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод то шароит ва бехатарии сайёҳону меҳмонони хориҷӣро махсусан дар мавзеъҳои стратегӣ таъмин намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ