Сайёҳӣ сохтори алоҳида мешавад, ҷавонон чӣ?

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12-уми январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки то соли 2020 теъдоди сайёҳон дар кишвар ба 1 миллион нафар хоҳад расид.

Ба гуфти А. Абдуллозода, тайи 3 соли охир теъдоди сайёҳон дар кишвар ду баробар афзоиш ёфта, соли гузашта ба 312 ҳазору 602 нафар расид: “Ин нисбат ба иншондоди соли пешӣ 72 ҳазор нафар бештар мебошад. Аз ҳисоби сайёҳон ба иқтисодиёти кишвар 156 миллион доллар ворид гардид”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш таъкид намуд, ки низоми раводид барои сайёҳон сода карда шавад Ӯ аз ҷумла супориш додаст, теъдоди кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар Тоҷикистон тариқи низоми содакардашуда раводид мегиранд, бештар гардад.
Барои пурсамар ва пешрав гардидани соҳа
Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш ба парлумон хостори соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ шудааст.
Ба ёд меорем, ки соли 2008 бо Қарори Ҳукумати чумҳурӣ дар заминаи сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва дигар сохторҳои сайёҳии мамлакат Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси дода шуда буд. Ин иқдом аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони соҳаҳои варзиши сайёҳӣ сару садои зиёдеро сабаб шуд. Акнун зиндагӣ исбот намуд, ки ин иқдом ба рушди се соҳаи якҷо кардашуда мусоидати дилхоҳ накарда истодааст. Сохтори сесоҳагии мазкур бахусус дар самти тарбияи идеологии ҷавони кишвар дасткӯтоҳӣ мекунад.
Эмом НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *