Се баҳои панҷ ба маҳсулоти «555»!
Рӯзҳои иду айёми фараҳро тоҷикистониён хушу хурсандона қайд менамоянд ва дар рӯи дастурхони оилавӣ ҷои торту шириниҳо аз ҳама болост.
Ва ҳатто агар дар ин рӯзҳо кадбонувони моҳир худ тортҳои болаззату зебои хонагӣ омода созанд ҳам, меҳмонон тортҳои истеҳсоли ширкатҳои мақбулашонро ҳамчун дастовези беҳтарин пешниҳод менамоянд.
Бозори маҳсулоти қаннодӣ, бахусус тортӣ, имрӯз дар Тоҷикистон хеле равнақ ёфтааст, номгӯи зиёди тортҳо бо мазаву намуди нав ба нав ҳамарӯза рафи мағозаву бозорҳоро пур мекунанд. Тайёр кардани тортҳои фармоишӣ ва фурӯши онҳо аз рӯи вазн бештар маъмул гашта, дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ ва ҳам барои чойнӯшиҳои шариконаву оилавӣ ошомидан аз онҳо айни муддаост. Истеҳсолкунандагони ин намуди қаннодӣ техникаву технологияҳои навро ба бозори ҷумҳурӣ ворид сохта, бо ин рақобати бозориро ба вуҷуд меоваранд , домани интихоби маҳсулот аз ҷониби истеъмолкунанда фарохтар мегардад, ки аз манфиат дур нест.
Дар яке аз мағозаҳои махсусгардонидашудаи фурӯши торту қаннодӣ бо харидорон ҳамсуҳбат гардидем. Қариб ҳамаи онҳо сокинони гӯшаҳои дурдасти шаҳр буда, махсус ба ин ҷо ҳозир шудаанд, то ки тортҳои навпухти ширкати мақбулашонро харидорӣ намоянд. –“Чаро маҳз ин тортҳо, магар дар наздикии хонаатон торти “Прага”-ро харидан имконнопазир аст?” Ба ин суол ҷавоби ҳамагон як хел буд: ”Прага” ва дигар тортҳои беҳтарини “Три пятерка”, яъне “555”-ро дар ҳамин ҷо мехаред”.
Харидуфурӯши одамонро назорат карда, беихтиёр ҳаваси чошнибардориамон омаду ба гӯшаи мизоҷон рафтем. Бо чойи гарм як бурида торти “Прага” –ро ошомидем, крем мазаи талхӣ медод…, аз чӣ бошад? Чанд суоли дигаре ба миён омад ва барои ба даст овардани ҷавоб ба онҳо назди роҳбари ширкати истеҳсолии “555 МПК” Раҳимов Зикриддин ҳозир шудем.
-Зикриддин, шумо дар як баст чанд торти “Прага” истеҳсол мекунед?
-Бисёр ва ҳамаи он то охири баст ба фурӯш меравад, — хандида ҷавоб дод роҳбари кордон ва “Чаро мепурсед?” — гуфта худаш савол дод.
— Охир тортҳои дигари шумо аз “Прага” ширинтаранду маҳз онро зиёд мехаранд…
Тааҷҷуби мо Зикриддинро ба ҳайрат наовард, чунки ӯ нағз медонист, ки гап дар чист.-Медонед, чаро он торт мазаи талхӣ медиҳад, чунки шоколаде, ки мо дар он истифода намудем, шоколади талхи сифаташ олист ва шумо аз ҳамонаш чашидед. Агар аҳамият дода бошед, “Прага”-ро бештар ҷавонон ва ҳам муштариёни аз миёнсол боло мепурсанд , фурӯшандаҳои мо онро барои кӯдакон тавсия намедиҳанд. Барои кӯдакону наврасон тортҳое пешниҳод мешаванд, ки кремҳояшон аз шоколади дигар тайёр шудаанд. Мо шоколади аслиро худамон дар ин ҷо коркард карда, мувофиқи матлаб истифода мебарем.
-Шоколади аслиро аз куҷо харидорӣ менамоед? Дигар ашёи заруриро — чӣ?
-Шоколад ва намудҳои онро мо бевосита аз кишвари Фаронса, Белгия ва Швейтсария мехарем. Ин кишварҳо дар истеҳсоли шоколади аълосифат дар ҷаҳон ном баровардаанд. Шакар аз Озарбойҷон, Украина, Белоруссия, Русия харидорӣ мешавад. Орди навъи баланд ва тухм ватанист. Дигар ашёи хоме, ки дар таркиби тортҳо истифода мешаванд, қариб ҳамааш табиӣ ва истеҳсоли худи мост. Масалан, мо аз қулфинай, меваҳои гуногуни мавсимӣ мураббову ҷем мепазем ва онро дар тортҳо ва дигар маҳсулоти қаннодӣ истифода мекунем.
-Таркиби кремҳо аз чӣ иборат аст?
— Хомаи кремҳо ба шакли гиёҳҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо меоянд. Онҳо дорои витаминҳои ба одам муфид буда, мазаи ба шири модарӣ наздикро медиҳанд. Мо онро фақат шакар омехта карда, лат медиҳем. Ягон хел равған ва маҳсулоти равғанӣ омехта намешавад. Кремҳои мо аз ҷиҳати ширинӣ мувофиқи талаботи мизоҷон тайёр карда мешаванд. Масалан, мизоҷоне, ки ба касалии қанд гирифторанд, метавонанд крем ва ҳатто тортҳои махсуси бешакар ва ё камшакар фармоиш диҳанд. Баъзеҳо иловаи креми яхмосиро хоҳиш доранд. Умуман, принсипи асосии кори мо тайёр кардани тортҳо ба усули фармоишӣ аст.
-Барои тайёр кардани хамираи тортҳо шояд равғани зиёд истифода шавад-а?
-На. Мо дар хамираи тортамон равған истифода намекунем, фақат орд, тухм, шакар. Аз мо борҳо пурсидаанд, ки чаро равған, эмулгатор, крахмал намеандозед? Боз ҳам ҷавоб додем, ки асоси кори мо истифодаи маҳсулоти табиӣ мебошад. Бигузор тортҳои мо муҳлати зиёди истеъмолӣ надошта бошанд ҳам, лекин мо аминем, ки ҳеҷ кас, махсусан кӯдакон аллергия намешаванд, дигар ҳолатҳои ногувор рух намедиҳад. Охир мо худамон маҳсулотамонро ба кӯдакони худ, ба аҳли хонавода мебарем ва бояд дар ҳаққи истеъмолкунандагонамон ғамхорона муносибат кунем.
-Креми яхмосӣ гуфтеду мазаи яхмоси “555” ба ёд омад…, яхмосатон хушмаза аст.
— Ташаккур. Соли 2011 хати яхмосбароӣ ва ҳам ашёи хоми онро аз Итолиё оварда насб кардем. Як мутахассиси олмониро низ даъват кардем, ки дар давоми се рӯз бояд хати яхмосбарориро ҷӯр месохт ва технологияи онро меомӯзонид. Аз мо хоҳиш кард, ки ба хотири омӯзиши бозор чанд намуд яхмоси ватанию хориҷии пеши пешро аз мағозаҳо барояш ҳозир кунем. Овардем, мазаашро чашида, гуфт, “мазаи яхмоси ҳақиқӣ дигар аст”. Вақте яхмоси тайёркардаи ӯро чашидем, дар ҳақиқат фарқашро дарк кардем. Яхмоси итолиёвӣ табиист, бидуни равғанҳои нахлу кокос аст ва то дараҷаи -18 (бо +-3 дараҷа) нигаҳ дошта шавад, вайрон мешавад, чунки омезаҳои нигаҳдорандаро надорад. Аз он вақт мо ҳам бо ҳамон технология яхмос мебарорем. Агар чашида бошед, медонед, ки он дар яхдони сард истад ҳам, ҳамеша мулоиму хуштамъ аст. На фақат истеъмолкунандагони ватанӣ, ҳатто меҳмонони зиёди хориҷӣ онро маъқул донистанд, ба сифаташ баҳои баланд додаанд ва ин боиси ифтихори мост. Бо фикру мулоҳизаҳои зиёди мизоҷонамон дар саҳифаи Фейсбуки мо шинос шудан мумкин аст.
-Маҳсулоти шумо дар куҷо ба фурӯш бароварда мешавад?
-Дар худи пойтахт, ноҳияҳои тобеи марказ, яъне Ҳисор, Турсунзода, ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин вилояти Хатлон, яъне шаҳрҳои Бохтар (Қӯрғонтеппа),Норак, Ёвон ва дар мағозаҳои махсуси худ маҳсулотамонро ба фурӯш мебарорем, дар ҳамон 15 нуқтаи фурӯш фармоишҳо низ қабул карда мешаванд.
-Дар бораи рақибонатон чӣ ақида доред?
-Аз рақибон намеҳаросем. Агар рақиби мо кӯшиш кунад, ки пеш равад, мо мекӯшем, ки аз вай гузарем, рақобат барои пешрафт мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин, бо рақибон ҳамкорӣ кардан ҳам баъзан муфид аст.
-Бале, аз бозори қаннодӣ рафтан нахоҳед, бояд дар як ҷой наистед.
-Албатта, агар чанд сол пеш ҳамагӣ 10 намуд маҳсулот дошта бошем, ҳозир номгӯи он ба 50 расидааст, боз таҷрибаи ҷаҳониро меомӯзем, ниятҳои зиёд дорем, истеҳсоли шоколадро низ ба роҳ хоҳем монд.
-Дар мамолики Ғарб, дар ватани шоколад ин гуна мафҳуме ҳаст- “Маданияти туҳфаи шоколадӣ”, ки бинобар он сад сол боз дар иду айём ба якдигар туҳфаи шоколадӣ инъом меоранд. Дар кишварҳои зиёд дар раванди ин мафҳум симоҳои миллии туҳфаҳои шоколадӣ пойдор шудаанд ва бахусус барои кӯдакон чун рамзи ҳадяи идона ҳисоб мешаванд. Шумо дар Тоҷикистон аввалин шуда метавонед ҳамин намуди қаннодиро, ба лафзе “фигурный шоколад”-ро истеҳсол намоед?
-Чаро не? Технологҳои мо дар кишварҳои Аврупо буда, технологияи қаннодии зиёдро аз худ карда омаданд ва насиб, дар истеҳсолоти мо онҳо ҷорӣ хоҳанд шуд. Мо бо боварии комил метавонам гӯям, ки онҳо ба истеъмолкунандагон писанд меояд. Дар айни замон бошад, мақсади мо – бештар истеҳсол кардани маҳсулоти бомазаву хушнамуд мебошад. Мо мехоҳем, ки барои ҳар як торти мо мизоҷон як то не, се то баҳои панҷ гузоранд ва мисли тортҳои “Москва”,”Прага” ва “Киев” тортҳои мо ҳам классикӣ ҳисоб ёбанд.
-Барои амалӣ шудани мақсадҳоятон муваффақиятҳо таманно дорем.
Малоҳат ДЎСТМАТОВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ