Се бохти наврасони тоҷик дар Ўзбекистон
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ўзбекистон Мираброр Усмонов дар шаҳри Тошканд ширкат кард.
Дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар шаҳри Тошканд се бозӣ анҷом дода, дар ҳама бозиҳо аз рақибон — Ҷопон (0:2), Эрон (1:2) ва Ўзбекистон (0:5) шикаст хўрд.
Барандаи мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов тими наврасони Ўзбекистон гардид, ки дар натиҷа ҳафт имтиёз ба даст овард.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гуруҳи «Н» баромад мекунад. Наврасони мо бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон бозӣ мекунанд. Мусобиқаи интихобӣ аз 5 то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ