Се интиқоди Президент: Аз дарди сари мансабдорон то усули дарсгузарии муаллимон

Имрӯз Президенти кишвар дар паёми солонааш ба Маҷлисӣ Олӣ аз фаъолияти омӯзгорон, шеваи истифодабарии телефони мобилӣ ва ба хориҷа рафтани мансабдорон барои табобат ва нобоварӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар кишвар интиқод кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумони кишвар гуфт, аксари омӯзгорон аз методҳои куҳнаи дарсдиҳӣ истифода мекунанд, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд.

«Конспекти аксари муаллимон куҳна аст, системаи нави иттилотиро намефаҳманд. Аз куҷо баъд сифати таълим баланд мешавад? Мо худамон худамонро фиреб медиҳем, фақат шумора ҳасту диплом медиҳем», — гуфт президент.

Кишвардор таъкид кард, ки бояд аз ин навъи низоми дарсдиҳӣ даст кашид.

Президент ҳамчунин ба мавзуи забономӯзии хонандагону омӯзгорон дахл карда, гуфт, бояд ҳар як омӯзгор ба ду забони хориҷӣ — русӣ ва англисӣ ҳарф зада тавонад.

Ӯ таъкид кард, новобаста аз фанни дарсдиҳӣ муаллим бояд аққалан ба ин ду забон суҳбат карда тавонад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мехоҳад ба парлумон пешниҳод кунад, ки дар даҳ соли оянда ба мақомоти давлатӣ танҳо одамонеро ба кор гиранд, ки ин ду забони хориҷиро монанди забони модарияшон медонанд.

Интиқоди дигари Президент аз шеваи ё маданияти истифодаи телефони мобилӣ дар кишвар аст, ки ба гуфти ӯ бояд бозбинӣ шавад

«Мо ба ширкатҳои мобилӣ, ки 90 фисадаш ширкатҳои хориҷист, ҳар сол се миллиард сомонӣ маблағ медиҳему мегӯем, маблағ надорем», — афзуд президент.

Гуфта мешавад, ки сокинони кишвари мо ҳамасола ба арзиши 3 миллиард сомонӣ барои телефонҳои мобилияшон сарф мекунанд. Танҳо давоми 10 соли ахир барои истифодаи алоқаи ширкатҳои мобилӣ аз ҷониби аҳолии кишвар 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба парлумон доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва эътимоди мардум гуфт.

Ӯ иброз дошт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд.

«Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзоёни ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам», — афзуд Президент.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *