Се интихоб: Толибон, ДИИШ ё неруҳои демократӣ
Кадоме Афғонистонро ором, Осиёи Миёнаро наҷот, Русия,Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Эронро эмин аз хатар месозад?
Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, сиёсатмадор Латиф Пидром
Ба Тоҷикистон, ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» хуш омадед?
— Ташаккур. Ман хуш ҳастам, ки имрӯз дар дафтари як рӯзномаи бисёр муътабар “Тоҷикистон” ҳузур дорам ва бо шумо — ҷаноби Ҳамдампур ҳамсуҳбат гаштам. Ман тоҷик ҳастам, аз мулки Дарвоз. Ҳанӯз солҳои 1991 ва 1992 ба Тоҷикистон, ки он замон хеле ноором буд, меомадам. Хушбахтона, ҳоло Тоҷикистон субот дорад, оромӣ аст ва амнияти мардумаш таъмин мебошад. Албатта, ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст. Мардуми Афғонистон аз ин хуш ҳастанд, зеро Тоҷикистон бахше аз зиндагии тоҷикони кишвари мост.
— Ҷаноби Пидром, боиси таассуф аст, ки дар рӯзи аввали моҳи Рамазон чанд таркише дар Афғонистон сурат гирифт, ки боиси марги шаҳрвандони кишваратон гашт. Дар моҳи шарифи Рамазон аз дасти мусулмонон кушта гаштани мусулмонон магар боиси нигаронӣ нест?
-Мутаассифона, чунин таркиш дар оғози Рамазон ҳам дар шимоли Афғонистон ва ҳам дар ҷануб сурат гирифт. Тақозои мо ин буд, ки лоақал ин амал дар моҳи Рамазон сурат нагирад. Куштани мусалмонон дар моҳи рӯза на шаръан раво аст, на аз рӯйи инсонӣ. Ғайридиниву ғайриахлоқист. Онҳое, ки ин корро карданд ё марбут ба ДИИШ ҳастанд ё ба баъзе аз шабакаҳои Толибон. Аммо ба гумони ғолиб ин кори дасти ДИИШ аст. Дирӯз дар Ғазнӣ 13-14 тифли бегуноҳро гардан буриданд. Толибин ҳам мекуштанд, аммо гардан намебуриданд. Гарданбурӣ шеваи кори ДИИШ аст.
—Чӣ гуна ДИИШ ба Афғонистон роҳ ёфт?
-Чӣ тавре ки дар Маҷлиси сирии Порлумон мушовири амнияти миллии Афғонистон гузориш дод, ДИИШ дар Афғонистон чор сол қабл аз ду минтақа зуҳур кардааст: яке дар Луристон- дар марзи Покистон, дигаре дар Лағмон -дар Шарқи Афғонистон. Ибтидо гурӯҳҳои тарғиботи ДИИШ омаданд ва дар соли 2017 ин неру хеле пурқудрат шуд. Ҳол дар қисматҳои Ғарби Афғонистон ва дар Шарқи Афғонистон- дар Лагмон, Ҷалолобод ва Кумар ва баъдан дар Луристону Бадахшон ДИИШ нуфуз пайдо кардааст. Ин гурӯҳ баъди шикасти Ал-Қоида, аз боқимондаҳои он, аввал дар Сурия пайдо шуд ва баъдан дар Ироқ густариш ёфт. Баъд аз оне ки онҳо дар Ироқ мустақар шуданд, як намоянда фиристонданд бо номи Саид, ба унвони намояндаи хилофати исломӣ барои ҷазираи Хуросони бузург, ки ҳамаи мову шумо шомили он ҳастем. Аввалин гурӯҳҳое, ки омаданд бо бархе аз гурӯҳҳои Толибон дар мухолифат афтоданд. Ҳоло дар қисмати шимол рӯз ба рӯз нуфузашон зиёд мегардад. Қаблан бархе аз афғонҳо, ки пайрави мазҳаби ташайюъ ҳастанд, дар Ироқу Сурия ба муқобили ДИИШ ва баъзе аз афғонистониҳо, ки суннӣ буданд, ба нафъи ДИИШ меҷангиданд. Ҳоло дар Афғонистон аҳли ташайюъ алайҳи ДИИШ, суннимазҳабҳои фундаменталист ба тарафдории он меҷанганд.
—Чи сабаб шуд, ки ДИИШ вориди Афғонистон гашт?
-Ба Афғонистон ворид шудани ДИИШ ба чанд далел аст:
— Аввал, дар Афғонистон як ҳукумати қудратманд вуҷуд надорад, сохтори дохили он дучори мушкилот аст. Табиист, агар мо ҳукумати 50 бар 50 бисозему гурӯҳбозӣ кунем, ҳукумат ҳеҷ гоҳ пурқудрат намешавад. Яъне, нотавонии давлат далели аввали ворид шудани ДИИШ ба Афғонистон аст.
Далели дигар, вақте покистониҳо ба Вазиристони Шимолӣ барои саркӯби ДИИШ-у Толибон ҳамла карданд, ин ду қувва маҷбур шуданд, ки аз Вазиристон ба Афғонистон рӯй оранд.
Сеюм, Афғонистон, махсусан қисмати шимоли он, барои ДИИШ муҳим буд, зеро дар он ҷо маъданҳои зеризаминӣ фаровонанд.
Чаҳорум, мавҷудияти имконоти қочоқи маводи мухаддир тавассути кишварҳои Осиёи Миёна ба Русия ва Аврупо.
Панҷум, сиёсати абарқудратҳост, ки мехоҳанд ба ин васила дар ин минтақа ҳузур пайдо кунанд.Зеро Афғонистон як давлати аз лиҳози геостратегӣ, геополитикӣ ва геоиқтисодӣ ҳамеша мавриди назари абарқудратҳо буд ва боқӣ мемонад.
Ин ҳама сабаб шуд, ки буҳрони Ховари Миёнаро ба Осиё интиқол диҳанд ва барои рақобатҳои сангин Афғонистон интихоб шавад. Агар дар мавриди ДИИШ ва Толибон, ки ҳар ду гурӯҳҳои тундрави исломанд, бетаваҷҷуҳӣ шавад, ҳавзаи тамаддуни мову шумо дар оташи ҷанг месӯзад, Осиёи Марказӣ маркази бӯҳрон ва бархӯрдҳои абарқудратҳо қарор мегирад. Дар ин миён қудратҳои калон мехоҳанд, ки манобеи низомию иқтисодиро таҳти назорати худ қарор диҳанд, неруҳои бунёдгаро умед дар талоши амалӣ сохтани ҳадафи худ –ДИИШ, Хилофат, Толибон Аморати Исломӣ меафтанд. Аз ин ҷанг гурӯҳҳои ҷинояткору мафияҳо низ манфиат мебардоранд. Фурӯши аслиҳа, маводи мухаддир, роҳандозии қочоҷ…
Пайомади ин ҷанг вайронист ва қудратҳои калон — Русия, Чин, Ҳиндустон, Покистон низ осеб мебинанд.
—Шумо дар бораи таҳдиди хатар ба Осиёи Марказӣ сухан гуфтед. То кадом андоза ин хатар воқеист?
-Ин хатар эҳсос мешавад. Афғонистон гирифтори ҷанг аст ва 60 дар сади хоки он дар дасти гурӯҳҳои силоҳдор қарор дорад. Соли охир ҷангро аз ҷануб ба шимоли Афғонистон оварданд ва то ба Бадахшон ҳам расид. Шимоли Афғонистон дарвоза бо Осиёи Миёна аст. Мо дар Маймана бо Туркманистон, дар Ҳайратону Мазор бо Ӯзбекистон ва дар Бадахшон бо Чину Тоҷикистон марз дорем. Агар нерӯҳои ифротӣ дар шимол қудрат пайдо кунанд ҳамаи минтақа метавонад ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ шавад. Ноамн будани Афғонистон метавонад кулли минтақаро дар хатар гузорад. Ин ҷанги сода, муборизаи ду- се гурӯҳ, ё 4-5 ҳазор ҷангӣ нест, ки тавонем онҳоро саркӯб кунем. Ин ҷо сухан аз миллионҳо тан, ҷанги идеологӣ, мазҳабӣ меравад. Чӣ қадари онҳоро метавон саркӯб кард? Ду соли охир ин неруҳо манотиқи бештарро гирифтанд ва қудратманд шуданд. Гумони мо дар мавриди кам гаштани онҳо ботил баромад. Мо ҳоло маҷбурем, ки аз нав неруҳои хориҷиро баргардонем. Як замон масъалаи хориҷ кардани неруҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон ба миён омад, ки масъулаш оғои Ғанӣ буд ва пешгӯйӣ буд, ки то се соли ояндан ҷанг дар Афғонистон поён ёбад. Аммо баръакс шуд. Мо маҷбурем, ки аз нав қудратҳоро даъват кунем ва аллакай наздики 60 ҳазор неруи НАТО дубора ба хоки Афғонистон бармегарданд.
— Ҷаноби Латиф, шумо дар мавриди манофеи молӣ дар шимоли Афғонистон ҳарф задед ва гуфтед, ки ҳадафи асосии интиқоли неруҳои ҷангҷӯй ба ин минтақа дастрасӣ пайдо кардан ба захоир-маъданҳои шимол аст. Шояд, аммо ағлаб муътақид бар онанд, ки ҳадаф тасарруфи хокест, ки ҳамсарҳад бо Осиёи Миёна аст.
-Дуруст аст. Ҳадафи аслӣ сиёсӣ аст ва мақсади онҳо тасаллут ёфтан дар ҳавзаи Осиёи Миёна. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф пул ҳам лозим аст. Бинобар ин, манфиати молӣ низ дар миён мебошад. Ҳамин ҳоло маъдани тиллои Ров дар дасти Толибон қарор дорад ва ин манбаъ Толибонро аз лиҳози молӣ таъмин мекунад. Шумо агар пул дошта бошед, дар кишвари қашшоқе чун Афғонистон метавонед, ба осонӣ ҷанг кунед. ДИИШ барои як ҷанговар 1000 доллар маош медиҳад, дар ҳоле ки як генерали афғон 500 доллар маош мегираду як сарбоз 100 доллар. ДИИШ метавонанд роҳат бо пул ҷавононро ба сафҳояшон ҷалб кунад. Дар кишваре, ки 15 милён нафар бекору дар фақр қарор доранд, 1000 доллар пули хубе аст.
—Пас хатари ҳуҷуми ДИИШ ё Толибон ба Осиёи Миёна вуҷуд дорад?
-Комилан. Агар ин гурӯҳҳо дар Ишкошим мустақар мешуданд эҳтимол дошт, ки марзҳоеро дар ҳудуди Помир шикаста, вориди Осиёи Миёна шаванд.
Боре ба вазири умури хориҷии Толибон гуфта буданд, ки вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Миёнаро ҷамъ оварад ва барояшон бигӯяд, ки ҳадафи Толибон онҳо нестанд, Толибон ба онҳо коре надорад. Ӯ қатъан зид баромад ва гуфт: ин корро намекунам, зеро дурӯғ гуфтан намехоҳам.
Толибон ду гурӯҳанд. Яке тарафдор ва манбаи сарбозони ДИИШ дар Афғонистон аст. Аммо гӯрӯҳи дигари Толибон мухолифи ДИИШ ҳастанд, зеро намехоҳанд минтақаи зери тасаллутдоштаашонро ба онҳо диҳанд. Бинобар ин, бархе аз давлатҳои абарқудрат фикр мекунанд, ки дар сурати кумак кардану пурқудрат кардани ин қаноти Толибон бо ДИИШ мубориза баранд. Аммо онҳо фикр намекунанд, ки пуштибонӣ аз Толибон пуштибонӣ аз як неруи радикалии исломӣ аст.
-ДИИШ ва Толибон, кадоме аз ин гурӯҳҳо хатарноктар аст?
— Ҳар ду ҷараёни суннимазҳаби радикалии исломианд. Аммо хатари ДИИШ бештар аст, зеро як гурӯҳи муқтадири байналмилалист. Узви ДИИШ танҳо арабҳо нестанд, инглиси мусалмоншуда, амрикоиву русу танзаниоиву тунисиву тоҷику ӯзбек ҳам ҳастанд. Толибҳо танҳо Аморат мехоҳанд, аммо ДИИШ Хилофате мехоҳад, ки дар он масъалаи миллӣ дар миён нест, фақат динӣ аст. Онҳо миллат намехоҳанд, уммати исломӣ мехоҳанд. Уммати исломӣ миллат, фарҳанг ва тамаддунро нобуд месозад. Илова ба ин, ҷанги ДИИШ ҷанги эътиқодӣ аст. ДИИШ аз миёни Толибон сарбоз мегирад ва хатари он бештар аст.
— Дар чунин вазъият чӣ мебояд кард?
— Албатта, бояд тадбирҳои дигаре андешида шаванд. Масалан, такя ба ба ҷараёнҳои демократӣ ва мардумӣ. Бахусус дар шимоли Афғонистон, ки дар он ҷо гурӯҳҳое ҳастанд, ки мусалмон ҳастанд, аммо ифротиву радикал нестанд. Бархе аз равшанфикрон ҳастанд, ки эътиқод доранд, аммо равшанзамиранд, тарафдори ҳукумати қонунианд ва намехоҳанд, ки дин ба кори давлат дахолат кунад. Ин неруҳо бояд дастгирӣ ва тақвият шаванд.
— Неруҳое, ки шумо номбар кардед, хеле заифанд ва ҳадафашон ба ҳадафҳои абарқудратҳо мувофиқат намекунад. Дар чунин вазъият онҳо тавони мубориза бо ДИИШ-ро доранд?
-На, онҳо заиф нестанд. Мутаассифона, дар Осиёи Миёна ва Русия ин масъала чунин тафсир мешавад. Онҳо хаёл мекунанд, ки дар Афғонистон танҳо ду гӯрӯҳ ҳаст. Дар ин васат неруҳои дигаре ҳам ҳастанд, хусусан гурӯҳҳои миллӣ солҳои охир қудрат пайдо мекунанд. Масалан, дар Бадахшон, минтақаи Киромину Мунҷон як нафар толиб, ё неруи давлатӣ нест. Онро худи сокинони Кирону Мунҷон дифоъ мекунанд. Дар ин минтақа 10 -15 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд ва маъдани Лоҷвард он ҷост. Моҳимай, Ишкошим, Шуғнон ва ғайраро нерӯҳои давлатӣ дифоъ намекунанд, ин минтақаҳоро неруҳои мардумӣ дифоъ мекунанд. Дигар ин ки дар Афғонистон насли нав ҷавонон, ки 64 фоизро ташкил медиҳанд ба воя расидаанд, ки на муҷоҳиданд, на толибу ДИИШ. Инҳо бачаҳои донишгоҳдида ва рушдкардаанду назари дигар доранд. Дар хати аввали набард бояд неруҳои равшанзамир қарор гиранд. Яъне, неруҳои миллӣ, ки нуқтаи ҳаракаташон мазҳаб нест. Мо аз ҷабҳаи миллӣ имкони таъмини 10 — 15 ҳазор чунин неруро дорем. Неруҳое аз қумондонҳои собиқи ҷиҳодӣ, ки содиқона бо ДИИШ-у Толибон меҷангад бояд дар хати дувум қарор гиранд.
Кишварҳои минтақа низ бояд дар канор набошанд ва як тарҳи ҷадиди амниятиро рӯйи кор гиранд. Илова бар ин, кишварҳои муқтадири дар ин минтақа манфиатдор, амсоли Русия ва Чин бояд содиқона ҳамкорӣ кунанд, зеро ҳар гуна нооромӣ дар Осиёи Миёна камари Русияро мешиканад ва дар сурати ба ҷанг печидани Осиёи Миёна даргириҳо то Қафқоз идома меёбад. Чин низ аз ин хатар эмин нест. Дар Шимоли Афғонистон бояд неруҳои демократӣ мустақар шавад. Ман омода ҳастам, ки аз ҳисоби неруҳои мардумӣ ин гурӯҳро таҳия кунам. Ин тадбирҳо метавонад то як андоза хатари ба ҷанг печидани минтақаро бартараф кунанд.
Кишварҳои Осиёи Миёна бояд донанд, ки агар дар яке аз ин давлатҳо сарҳад рахна шавад, онҳо ҳама ба бало мепечанд. Бинобар ин, бояд эҳтиёт бошанд ва барои сулҳи Афғонистон талош кунанд. Албатта Тоҷикистон, ки марзи бисёр тӯлонӣ бо Афғонистон дорад, барои ҳузури сулҳ дар Афғонистон саҳми бориз дошта метавонад. Бе ҳузури Тоҷикистон ҳеҷ кишваре наметавонад ба сулҳи Афғонистон нақш гирад. Тоҷикистон пуле ҳаст миёни Афғонистон ва кишварҳои ҷаҳон, ки қасди сулҳро дар сар доранд.
— Замоне Дустум дар ҳамдастӣ бо баъзе кишварҳо мехост дар қисмати шимоли Афғонистон як камарбанди дифоъ созанд. То куҷо ин нақша амалишаванда аст?
-Воқеан, генерал Дустум, ки ҳоло дар Туркия фирорӣ аст, дар Афғонистон шахси таъсиргузор ба ҳисоб меравад ва муовини аввали Раиси ҷумҳур аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар шимоли Афғонистон ва ҳатто дар Ғарбу марказ қудрат дар дасти тоҷикон аст. Дустум дар як маврид муваффақ мешуд, ки бо тоҷикон ҳамкорӣ мекард, зеро бе ризоияти тоҷикон дар ин минтақа ӯ ба чизе муваффақ намешавад. Дар гузашта ҳам дар шимол тоҷикон муқовимат карданд. Ёдатон ҳаст, вақте ки Толибон ба Афғонистон ҳуҷум карданд, ҳамаи роҳбарони ақвом гурехтанд. Ҳикматёр гурехту ба Масъуд таслим шуд, Дустум ба Туркия гурехт, оқои Муҳаққиқ ва Анварӣ фирор карданд. Яъне, қавмҳои мазлуму бародарони паштуву ӯзбеки моро, ки мардуми заҳматкаше ҳастанд, роҳбарони калонгапашон танҳо гузошта гурехтанд. Ягона афроде, ки дар баробари Толибон садо баланд карданд, тоҷикон буданд. Тоҷикони Афғонистон ин ҳама сол талоши муттаҳид кардани ақвоми гуногунро доранд.
—Шояд ҳадафи таъсиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ҳам муттаҳид кардани қавму миллатҳои Афғонистон аст?
-Мо кунгураи миллиро ба ду далел бунёд кардем. Якум, ба ҳадафи эҷоди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Афғонистон. Дувум, барҳам додани шовинизм, таъмини баробарҳуқуқӣ ва адолати миллӣ. Барои расидан ба ин, мо ибтидо Кунгураи миллӣ тоҷиконро, ки боиси эҳтирому эътирофи ҳамаи ақвоми Афғонистон ҳаст, ҷамъ кардем. Ман тамоми воҳидҳои тоҷиконро, ки дар миёни ақвоми дигар гум шуда буданд, ёфтам ва дафтарҳояшонро бунёд намудам. Ҳамаи тоҷиконро дар Шӯрои бузург, ки Шӯрои олии ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон ном гузоштем, муттаҳид сохтем ва дар Вазорати додгустарии Афғонистон сабти ном кардем. Яъне, ҳизби Кунгураи миллӣ ва Шӯрои ҳамбастагӣ ҳар ду қонунӣ ва эътирофшуда аст. Ҳадафи мо сохтани давлати мудерн дар Афғонистон мебошад. Айни ҳол Шӯрои ҳамбастагӣ бо ҳазораҳо, балуҷҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва қирғизҳо гуфтӯгӯ дорад ва мо мақсад дорем, ки дар як ҷабҳа муттаҳид шавем. Ман, ки ба Кобул бармегардам, ин ҷабҳаро эҷод мекунем. Номи он Ҷабҳаи меҳан хоҳад буд ва барои ҳалли демократӣ ва одилонаи мушкилоти ақвоми Афғонистон сафарбар мешавад.
Бояд гӯям, ки ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон аллакай маъруфият пайдо кардааст. Дар ҳамин авохир маркази мутолиоти стратегӣ дар Афғонистон як назарпурсӣ доир кард, ки мутобиқ ба он 60 дарсади мардуми Афғонистон тарафдори ақидаҳои мо ҳастанд. Ҳатто вақте пешниҳоди федералӣ будани Афғонистонро кардем, дар як тоблу акси ман, Ғанӣ ва Абдуллоро гузоштаву назарпурсӣ доир намуданд. Оқои Ғанӣ 21, Абудлло — 30 ва Кунгураи миллӣ, ки дар он акси маро гузошта буданд 42 дарсад раъйи мардумро гирифт.
—Шумо ҷонибдори низоми федералӣ дар Афғонистон будед ва ин иддаои шумо боиси ба вуҷуд омадани сарусадои зиёде шуд. Оё зарурат ба бунёди чунин низоми сиёсӣ дар Афғонистон зарур аст?
-Назарияи федералӣ кардани Афғонистон феълан назарияи ғолиб аст. Қисми зиёде мардум ва чандин ҳизбҳо тарафдори мо ҳастанд. Ҳадаф аз федерализм барҳам додани шовинизм дар Афғонистон аст. Роҳи ягонаи Афғонистон дар ҳамин аст. Агар Афғонистон низоми федералиро қабул накунад, таҷзия хоҳад шуд.
— Бунёди Афғонистон дар ҳама давру замон такя ба ду шоҳсутун, ду қавм — паштуҳо ва тоҷикон дошт. Ҳатто замони шоҳ. Аммо вақтҳои охир ин шоҳсутунҳо рӯй оварданд ба шикастан. Сабаб чист?
— Ҷои таассуф аст, ки мехоҳанд як нифоқе миёни ин ду қавм андозанд ва ба ҳамин васила ҳастии Афғонистонро зери шубҳа қарор диҳанд. Ҳукумати Карзай ва Ғанӣ нақшаи бунёди ҳукумати сирф паштуӣ рӯйи кор оварданд. Феълан дар Афғонистон теъдоди тоҷикон аз паштунҳо зиёд аст, бинобар ин намехоҳанд, ки саршуморӣ кунанд. Забони тоҷикӣ дар Афғонистон забони байниқавмист. Дар бозор як туркман бо қизилбош рӯ ба рӯ шавад тоҷикӣ гап мезанад. Аммо инҳо аввалин коре, ки карданд, Суруди миллиро паштуӣ карданд, ки онро аз нисф зиёди мардуми Афғонистон намефаҳмад. Бубинед, дар Покистон Суруди миллӣ бо забони тоҷикист. Дар пули Афғонистон як калимаи тоҷикӣ нест. Дар мактабҳо истифодаи калимоти тоҷикиро иҷоза намедиҳанд. Ҳар рӯз ин гуна фишор вуҷуд дорад. Дар раъси ҳукумат аз се нафаранд, ки ҳеҷ кадомашон тоҷик нест. Абдулло Абдулло -пашту , муовини аввал Дустум — ӯзбек, муовини дувум оғои Дониш ҳазора аст. Бидуни шак давлати Ӯзбекистон аз ӯзбекҳо, Эрон аз шиъаҳо дифо мекунанд, телевизион, мактаб ва донишгоҳ доранд. Қазоқистон то охирин қазоқе, ки дар Афғонистон буд, бурд, замин дод, трактор дод, бой кард онҳоро. Ягона қавми мазлуму бесоҳиб дар Афғонистон тоҷиконанд.
-Ҳадафҳое, ки шумо доред, чаро наметавонад Луйи Ҷирга амалӣ созад?
-Имсол қарор буд, ки Луйи Ҷирга даъват шавад. Аммо нашуд, зеро агар Луйи Ҷирга даъват мешуд, будани роҳбарияти имрӯзаи Афғонистон зери суол қарор мегирифт. Зеро ин роҳбарият ба ҳеҷ як ваъдаи худ вафо накард. Дар ду соли ҳукуматдории инҳо Толибон бештар нуфуз пайдо карданд. Бинобар ин, роҳбарият ба ҷамъ шудани Луйи Ҷирга манфиатдор набуданд. Зеро он метавонад ба ҳукуматдорон бигӯяд, ки шумо равед ба зиндон. Зеро Луйи Ҷирга фаротар аз Қонуни асосию ягона қудратест, ки метавонад, Раиси ҷумҳурро муҳокима кунад, зиндон фиристонад, Қонуни асосӣ ва низоми сиёсии давлатро тағйир диҳад.
Мусоҳиб
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ