Се кӯдаки бепарастор ба Ватан баргардонида шуд

15 июли соли 2024 Cафорати Тоҷикистон дар Русия 3 кӯдаки тоҷики  бепарастормондаро ба Тоҷикистон баргардонд. Дар ин бора Сафорат дар сомонааш хабар додааст.

Сафорат дар бораи ба чӣ далел дар Русия бепарастор мондани ин се тифл ягон маълумоти дигар надодааст, вале дар аксар мавридҳо фарзандони ноболиғи муҳоҷирони тоҷик дар сурати марги волидони онҳо ваё ба ягон гуноҳе боздошту зиндонӣ шуданашон дар Русия бепарастор мемонанд.

Қобили зикр аст, ки аз аввали соли ҷорӣ 38 нафар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди наздиконашон баргардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *