Се корманди милиса дар муҳокимаи судӣ

Як нафар аз ШКД-и ноҳияи  Фархор ба хабарнигори «Тоҷикистон таймс» иттилоъ дод, ки мурофиаи судӣ нисбати се нафар  корманди милитсияи ноҳия , ки дар лату кӯби як сокини ин ноҳия даст доштаанд, идома дорад.

Тавре манбаъ  мегӯяд: «Пркуратураи  ноҳияи Фархор алайҳи се корманди милитсияи   Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фархор Файз Саидов, Меҳроб Давлатов ва Акрамшоҷони Абдулло тибқи ду моддаи Кодекси Ҷиноӣ, моддаи 147, яъне вайронамудани дахлнопазирии манзил ва 147, баромадан аз ҳади ваколатҳои мансаби парванда боз намуда  буд ва ҳоло он дар суд мавриди муҳокима қарор дорад»

Манбаъ мегуяд, ки «Шаҳрванд  Парвиз Ҳабибов рӯзи ҳодиса дар ҳолати масти қарор доштааст ва ин се корманди милится ӯро гирифта ба шуъбачаи милитсия  бурда,  лату кӯб мекунанд Дар натиҷа,  ду  қабурғаи Парвиз мешиканад»

Гулби Ҳабибова, модари ӯ мегӯяд, ки  дар паи як даъвои хонаводагӣ се корманди пулис субҳ писарашро аз хона бурда, рӯзи дигар бо қабрғаҳои шикаста писарашро баргардонидаанд:

Милитсияи ноҳия ноҳия мегӯяд, ки эҳтимоли бегуноҳии кормандони онҳо вуҷуд дорад, чун қозии парванда наметавонад гуноҳи онҳоро исбот кунад. Дар ҳамин ҳол хонаводаи Парвиз Ҳабибов, ки мегӯяд писарашонро бо қабрғаҳои шикаста аз пулис гирифтаанд,ҳамаи аснодеро, ки шикасташудани қабрғазои писарашон ва лату кӯб шуданашро исбот мекунад,  дар даст дорад. Онҳо мегӯяд, ки агар милиса  гунаҳгор намебуд, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намешуд.

Гулби- модари  Парвиз , ки ҳоло барои худ вакили дифоъ гирфтааст, мегӯяд, ки талош дорад то ин се корманди пулис, ки ба фарзанди онҳо бархӯрди бераҳмона кардаанд , дар назди  қонун ҷазо гиранд ва намегузорад, ки онҳо бегуноҳ эълон шаванд.

Назарзода Ҷумахон, муовини сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон гуфт, ки кормандони онҳо дар лату кӯби як сокини ноҳия муттаҳам дониста шудаанд.

Дар Раёсати вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯянд,ки дар муддати ним соли ҷорӣ 188 ҳолати вайрон кардани низомномаи кори ходими ҳифзи қонун сабт шудааст. Аз ҷумла, дар ин муддат 6 афсари милисаи  минтақа дар содир кардани 7 ҷиноят муттаҳам дониста шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *