Се корманди фарбеҳи милитсия аз кор рафтанд

Вазири корҳои дохилии чумҳурӣ Рамазон Раҳимзода 21 январ дар нишасти матбуотиаш аз ҷумла изҳор карда буд, ки ҳолати ҷисмонии милисаҳо дар мадди назари роҳбарияти мақомот қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ дар назди Раёсати тиббии ВКД комиссияи зиддифарбеҳӣ фаъолият мекунад ва тибқи низомномаҳои махсуси тиббии Вазорати корҳои дохилӣ қад ва вазн бояд ҷавобгӯ ба меъёрҳои муайянгардида бошад. «Ду моҳ пеш дастур дода будем. Агар корманди милитсия фарбеҳ шуд, фаъолияти кориаш суст мешавад», — иброз дошт вазир.
Пас аз ҳафтае мақомоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд иттилоъ дод, ки 3 корманди нисбатан калонсоли онҳо ба далели фарбеҳӣ аз кор рафтаанд». Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд, дар суҳбат гуфта, ки санҷиши вазну қади кормандони милитсия дар минтақа идома дорад ва ба зудӣ анҷом меёбад. Дар ин давра онҳое низ буданд, ки худро барои кор дар ниҳодҳои пулис мувофиқ карда, аз даҳ то понздаҳ кило вазнашонро сабук карданд», — афзуд ӯ.

Раҳимҷон Абдувалиев, сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, низ гуфта, ки бисёре аз кормандони фарбеҳ пешниҳоди мақомот барои кам кардани вазнро пазируфта, вале иддае аз кормандони, ба қавли ӯ, нисбатан калонсол аз кор рафтанд». «Кормандони пулис ҳар ҳафта то панҷ километр медаванд. Онҳое, ки қаблан бо сабабҳои узрнок дар дав иштирок намекарданд, ҳоло пурра иштирок мекунанд. Аммо баъзеҳо ба далели боло будани синнашон беҳтар донистанд, ки бираванд», — гуфт Абдувалиев.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *