Се мард як духтари ноболиғро таҷовуз карданд

Қазияи таҷовузи духтари ноболиғ аз сӯйи муаллим ва ду дӯсташ оё ҷазои таъин намудаи суд  одилона аст?

Ин ҳодиса баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст. Муаллим ва ду дӯсташ як хонандаи 14-соларо водор карданд, ки бо онҳо «шишабозӣ» кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, онҳо талаб карданд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ намояд

Додгоҳи шаҳри Тошканд омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва ду дӯсти ӯро, ки як хонандаи 14-соларо ба доми худ афтонданд, маҳкум кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба раҳбари тарҳи алайҳи таҷовуз — «NeMolchi.uz» Ирина Матвиенко.

«Модари духтар гуфт, ки мурофиа ба охир расид. Ба ӯ чаҳор сол ва ба ҳамроҳонаш ҳукми ду солии зиндон доданд. Маҳкумшудагон аз толори додгоҳ бурда шуданд. Онҳоро тибқи моддаи 128 (алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни шонздаҳ нарасида)-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум ба зиндон карданд», — ӯ гуфт.

Ин модда равобити ҷинсиеро дар назар дорад, ки бо ризоияти тарафҳо, бахусус тарафи хурдсол сурат мегирад.

Ба гуфти вай, модари хонандаи синфи 8 ва вакилони мудофеи ӯ қасд доранд, муҷозоти сангин муқарар шавад, то гунаҳкорон бар асоси моддаи 118 барои таҷовузи дастаҷамъӣ ба номус (шарҳ аз идора — аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ) муҷрим шинохта шаванд.

Матвиенко қайд кард, духтар ҳамагӣ 14 сол дошт ва бинобар ин ӯ розигии огоҳона дода наметавонист.

Ин ҳодисаи нангин баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст, меафзояд манбаъ.

Як хонандаи синфи 8-ро муаллим ва ду дӯсташ водор карданд, ки бо онҳо «шишабозӣ» кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, эшон талаб кардаанд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунад.

Дар натиҷа се мард духтарро фирефта, таҷовуз кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.