Се миллион паспортро кай иваз мекунанд?
Дар Тоҷикистон ҷараёни сабти дубораи симкортҳо танҳо бо шиносномаи дохилии пластикӣ (ID card) аз ҳоло мушкил пеш овардааст.
Баъзеҳо бояд паспорти нав бигиранд, дигарон мегӯянд, бояд симкортеро, ки солҳо боз ба номашон буд, аз нав сабт намоянд. Барои чунин кор ҳукумат то моҳи августи имсол муҳлат додаст.Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Дастгоҳи иҷроияи президент хостааст, ки қарорро бозбинӣ ва ҷараёни сабти дубораи симкортҳоро бо шиносномаи пластикӣ ҳадди ақал то як сол, яъне моҳи феврали соли 2020, дароз кунад.Зеро ба гуфти онҳо, бино ба таҳлилҳо, тақрибан то 3 миллион нафар аз аҳолии кишвар ба корти пластикӣ ниёз доранд. Фурсат даркор аст, ки ҳамаи онҳо корти шиносоӣ гиранд ва симкортҳоро ба номи худ сабт намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ