Се муҳоҷири тоҷик дар Новосибирск дар як мошини иҷора зинда ба зинда сӯхтанд
Автомобили тамғаи Volkswagen Polo пас аз бархӯрд ба сутунпояи чароғаки раҳнамо оташ гирифт ва мусофиронаш дар яки он ба коми оташ афтодаву ба пуррагӣ сӯстанд.
Се муҳоҷири тоҷик дар як мошини иҷорагирифтаашон дар маркази Новосибирск дучори садамаи мудҳиш шудаанд, хабар медиҳад шӯъбаи полиси роҳ дар шаҳр.
Фоҷиа субҳи барвақти 18 сентябр дар кӯчаи Депутатская рух додааст.
Тибқи фарзияи пешакӣ, ронанда идораро аз даст дод ва ба сутуни чароғаки кӯча бархӯрдааст, ки дар натиҷа мошин оташ гирифтааст.
Дар натиҷаи садама ҳар се марди дар мошин буда фавтидаанд. Мошин бошад, пурра сӯхтааст.
Маълум шудааст, ки фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, шахсияти онҳо пас аз тафтиш маълум хоҳад шуд.
Сабаби рухдоди ҳодиса мушаххас карда мешавад. Ҳамчунин муайян карда мешавад, ки оё ронанда маст будааст ё не.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ