Се муовини раис дар Суғд бо ришва ба даст афтодаанд

Се муовини раисони ҳукумати Исфара, Хуҷанд ва Истаравшан ба гумони даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шудаанд. Дилшод Зарифӣ – як масъули Идораи мубориза бо коррупсияи Суғд, охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи прокуратураи вилоят гуфт, ин афрод барои гирифтани маблағ дар ивази ҷудо кардани қитъаи замин муттаҳам мешаванд. 

Вай барои  мисол аз қазияи Додоҷон Абдуллоев, муовини, инак, собиқи раиси Хуҷанд ёдоварӣ кард ва гуфт, «дар ҳамдастӣ бо кормандони идораи замин 75 ҳазор доллари мардумро гирифтааст.» Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, гуфт, Додоҷон Абдуллоев ва афроди масъули дигаре, ки, ба қавли ӯ, дар ин қазия шарик буданд, аз мақомҳояшон барканор шуданд. Қаблан низ як намояндаи ҳукумати Хуҷанд барои фурӯши замин ба сокинон муттаҳам ва парвандааш то додгоҳ расида буд. Дар Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 7 дар сади масоҳаташ замин аст ва боқӣ — кӯҳистон, таъмини сокинон бо қитъаҳои замин барои бунёди манзил аз мушкилоти рақами аввал ба шумор меравад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *