Се омили ҷанги шаҳрвандӣ дар мусоҳиба бо Атахон Сайфуллоев

 

 

Бори сеюм аст, ки ба Хуҷанд барои суҳбат бо профессор Атахон Сайфуллоев меоям, аммо танҳо даъфаи охир чунин фурсат даст дод. Он ҳам ба муносибатии нашри монография нави эшон таҳти унвони “Шоири дарё ва саҳро”…

Ислом, Қуръон, адабиёт ва диди нав

Профессор Атахон Сайфуллоев, докори илмҳои филологӣ, собиқ мудири шуъбаи нақд ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, раиси ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд  айни ҳол нафақахӯранд.  Аммо эшон бознишастагиро ба истироҳат тарҷеҳ надода, пайваста кор мекунанд ва асарҳои хубу хонданӣ менависанд.

— Устод, имрӯзҳо чӣ рӯзгор доред, ба чӣ корҳо машғулед?

— Дар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мушовири илмиам, аммо асосан ба корҳои эҷодӣ машғулам. Солҳои охир чанд китобам чоп шуд, аз ҷумла маҷмӯаи қисса ва ҳикояҳо — «Гулшакар», монография доир ба рӯзгор ва осори  Абудраҳмони Ҷомӣ — «Мурғи чамани вафо», ки аз диди нав нигошта шудааст. Ҳамчунин, рӯзҳои наздик ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ «Шоири дарё ва саҳро» ном монографияам аз чоп баромад. Дар ҳоли ҳозир Театри мазҳакавӣ — мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ  пйесаи ман — «Достони ишқ»-ро ба саҳна гузоштааст. Илова бар ин, мувофиқи хоҳиши рӯзномаву маҷаллаҳо, чи умумиҷумҳуриявӣ ва чи вилоятӣ мақолаҳо менависам.

— Шумо гуфтед, ки монографияи «Мурғи чамани вафо» аз диди нав навишта шудааст. Таркиби «Диди  нав» дар илму адабиёти тоҷик имрӯзҳо серистеъмол шудааст. Ба фикри шумо диди нав чист?

— «Диди нав» ин холисона тадқиқ кардани эҷодиёти шоир файласуф нависанда ва олим аст. «Диди нав» баъди соҳибистиқлолӣ натанҳо дар адабиёт, балки дар ҳамаи илмҳои ҷамъиятӣ ва санъат роиҷ шуд ва бояд ҳам мешуд.  Дар замони шӯравӣ мо бештар ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии шоирро таҳқиқ мекардему ба андешаҳои динии ӯ чашм мепӯшидем,  ҳол он ки ба дини Ислом гароиш кардани афкору эҷодиёти классикони мо набояд мояи интиқод бошад. Холисона, агар дини Ислом ва «Қуръон» намебуд, на Ҳофиз, на Ҷомӣ ва на Мавлоно ба он ҳадде намерасиданд, ки расиданд. Маҳз  Ислом ва Қуръон сарчашмаи илҳоми ин шоирони ориф буд ва ин омилҳо боиси ташаккули андешаҳои классикони мо шудааст. Чанд сол пеш як китоб навишта будам, бо номи «Таърихи ташаккули афкори миллӣ» (дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20). Дар ҳамон асар дар эҷодиёти Аҳмади Дониш барин олим, файласуф, дипломат, нависанда мавқеи динро нишон додам. Яъне, якум, озодии виҷдони нависанда; дуюм, дар эҷодиёти ӯ инъикос ёфтани масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, ки ба ҳам робитаҳои ногусастанӣ доранд. Ҳамаи инҳоро якҷоя таҳқиқ кунед ва аҳмияти мероси илмӣ ва адабии гузаштаро барои сохтмони ҳаёти нав нишон дода тавонед, ин мешавад диди нав. Ман ҳам кӯшиш кардаам, ки аз ҳамин нигоҳ  монографияҳои  «Паёмбари ишқ» доир ба рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ; «Малики адаб» роҷеъ ба рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ ва «Мурғи чамани вафо» доир ба рӯзгор ва осори Абураҳмони Ҷомиро нависам.

 — «Диди нав» амсоли ҳамаи ҳампешагони шумо, дар эҷодиётатон  баъди соҳиистиқлолӣ рӯй дод. Аммо қисми зиёди эҷодиёти шумо дар замони ҳокимияти Шӯравӣ ё шартан гӯем «диди куҳна» навишта шудааст. Шумо имрӯз аз зовияи «диди нав» ба «диди куҳна» назар афганед, онро чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Эҷодкор аз сиёсат дур буда наметавонад. Чи классиконамон ва чи мо  ҳама пойбанди сиёсати даврем. Замони шӯравӣ ҳам, мисли ҳар давраи дигар сиёсати худро дошт, аммо сиёсати коммунистӣ нисбат ба эҷодкорон тундрав буд. Эҷодкор ҳам ҳуқуқи аз чорчӯбаи муқарраршуда баромаданро надошт. Ман ҳам эҷодкори замони худ будам ва дар зери таъсири сиёсати давр эҷод кардам. Яъне, агар имкон шаваду он асарҳоро бори дигар барои нашр таҳия кунам, таҳрир намекунам, зеро ҳар як асар оинаи замони худаш аст.

Ҳангоми сӯҳбат бо Атахон Сайфуллоев

Аз корҳои сиёсӣ пушаймон нестам, баръакс…

— Гуфтед, ки  эҷодкор аз сиёсат дур буда наметавонад, аммо миёни аҳли қалам андешаи баръакс мавҷуд аст.  Бархе то ҳол афсӯс мехӯранд, ки баъзе аз эҷодкорони мо набояд даст ба сиёсат мезаданд. Ҳатто андешае ҳам ҳаст, ки аз мунаққидону адабиётшиносони маъруфи тоҷик Раҳими Мусулмониён (худо раҳмат кунад), Абдунабӣ Сатторзода ва Атахон Сайфуллоев ба сиёсат  даст зада ҳайф шуданд. Шумо нисбати ин чӣ назар доред?

— Ба корҳои сиёсӣ машғул шудан чӣ маънӣ дорад?  Содиқона хизмат кардан ба халқу Ватан!  Ман дар ҳамин ҷода будам ва ҳастам. Онҳое, ки шумо номбар кардед, ба муқобили сиёсати давр мубориза бурданд. Абдунабӣ Сатторзода баргаштанд, лекин Раҳими Мусулмониён иштибоҳи калон карда, дар ҳамин роҳ қурбон шуданд. Ман як маротиба бо ҳуҷҷатҳои он кас шинос шуда будам. Дар давоми панҷ соли таҳсил дар донишгоҳ соле набуд, ки ба ректор ду-се мактуб навишта, барои имконият додан ба корҳои эҷодӣ ва сафарҳои эҷодӣ кумак напурсад. Аҷиб он ки ба ҳама мактубҳо ҷавоби мусбат гирифтаст. Ба ин шукр мебояд кард.  Эшон кӯшиш карданд, ки депутат шаванд, аммо он касро халқ интихоб накард.  Дар устави Иттифоқи нависандагон банде буд, ки мувофиқи он ашхосе, ки бо ҷараёни адабиёти имрӯз машғуланд, узви иттифоқ мешуданд ва ҳар он касе ки ба таҳқиқи адабёти класскӣ машғул буд, узви иттифоқ намешуд, ҳамин тавр эшон аъзои иттифоқ нашуданд. Банобар ин ҷомаашонро чаппа пӯшида, ба муқобили сиёсати давлат хестанд. Мо ин корро накардем. Ман ҳар чизе ки халқу ватан фармуд, ҳамонро кардам. 17 сол раиси Кумиатаи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд будам. Ин ҳам сиёсат аст, аммо сиёсате, ки сулҳро мустаҳкам мекунад, сиёсате, ки хидмати мардумро мекунад. Ман то ҳол дар баробари кори илмӣ худро аз сиёсати давлат дур фикр намекунам.

— Яъне, ҳанӯз ҳам ҷузъи сиёсат ҳастед?

— Намедонам, андешаҳои ман то чӣ андоза ба давлат хидмат мекунанд, аммо ҳам андешаҳои илмӣ ва ҳам сиёсӣ дорам.

— Аз давроне, ки дар сиёсат будед, пушаймон нестед?

— Не. Ман ҳаётро бештар омӯхтам, бо табақаҳои гуногуни ҷамъият кор кардам, таҷриба бардоштам.

— Устод, мо мардуми сулҳофар ва сулҳпарвар ҳастем мегӯем. Адабиётамон саросар тарғиби дӯстист. Аммо чӣ шуд, ки солҳои 90 – и қарни гузашта ба ҷанг печидем, натавонистем худамонро идора кунему рушд намоем?

— Се сабаб ҳаст: аввал, нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда будем; дуввум, ҷоҳпарастии баъзе одамон; сеюм, маҳалгароӣ. Ин се омил боис шуд, ки мо роҳи худамонро гум кунем. Маҳалгароӣ хислати пасттарин аст, ки миллатро пароканда мекунад, агар мо миллати муттаҳид набошем, ба чизе маваффақ намешавем. Бубинед, ба наздикӣ мо бастани сарбанди Роғунро бо чӣ азобу машаққат оғоз кардем, ҳол он ки ин неругоҳ дар солҳои шӯравӣ сохта мешуд, аммо зиёиёни худамон монеъ шуданд. Мухолифат ҳамеша ба қафо мебарад ва муттаҳидӣ боиси рушду нумӯъ мешавад.

— Шумо боре фикр накардаед, ки чаро моро фақат зиёиёнамон мефурӯшанд ва боиси рушди мо мешаванд. Дур намеравем, дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ва ё ибтидои Истиқлолият маҳз аҳли зиё, албатта ҳама не, боис  шуданд, ки қариб миллат аз байн рафта буд. Сабаби ин дар чист? 

— Дар ин ду даврае, ки шумо номбар кардед, мутаассифона, мансабталошӣ боиси манфиатфурӯшӣ шуд. Масалан, Абдулло Раҳимбоев ё Файзулло Хоҷаев. Ҳафт пушти Файзулло Хоҷаев тоҷик аст, тоҷики бухороӣ, ҳафт пушти Абудулло Раҳимбоев ҳам, тоҷики хуҷандӣ, аммо ҳар ду хиёнат карданду худашонро ӯзбек навиштанд ва дигаронро ҳам маҷбур карданд, ки ӯзбек нависанд. Як стенограммаи суҳбати Бобоҷон Ғафуров бо Сталин чоп шуд. Сталин мегӯяд, ки Абдулло Раҳимбоев, як тоҷик омада гуфт, ки дар Осиёи Миёна тоҷик гуфтанӣ халқ нест.  Лаънат бар ин хел одамон, инҳо моро фурӯхтанд. Раҳимбоев баринҳо, Хоҷаев баринҳо.

— Ҳатто Фитрат барин олимон ҳам хиёнат карданд, он давра...

— Фитрат ҳайф шуд, ӯ то Туркия рафтан шоир ва олими хуб  буд, аммо пантуркист шуда баргашт. Вақте омад, ба ӯ мансаб лозим шуд, бинобар ин ба муқобили тоҷикон хест. Баъдан соли 1927 ба рӯзнома номаи кушод навишта, ба гуноҳҳояш иқрор шуд ва тавба кард…

— Вале дер нашуда буд?

— Агар ӯро намекуштанд, дер намешуд. Чунончи, баъди тавба карданаш аввалин драмаи тоҷикиро бо номи «Шӯриши Восеъ» навишт.

— Ин гуна шахсиятҳо дар аввали соҳибистиқлолӣ ҳам мисли «санги ош» буданд.

— Албатта, аммо ман ба шумо як чизро мегӯям. Хизмати ҳар як шахсиятро ба ду паллаи тарозу гузошта, баркашидан лозим, кадомаш вазнин бошад,  ҳамонашро ба назар бояд гирифт.

Се повести нав ва орзуи навиштани ёддошт

  — Шумо асосан муҳаққиқ ва манаққиди адабиёт ҳастед. Аммо солҳои охир дар маҷаллаву рӯзнома ва ҳатто китобҳои алоҳида осори назмиву насриатон чоп мешаванд. Асарҳои саҳнавӣ ҳам менависед. Ин гароишҳои эҷодӣ ба чӣ вобаста аст?

— Ман аз давраҳои ҷавонӣ баъзе чизҳои бадеӣ менавиштам, вале чоп намекардам. Аз замоне ки ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ пардохтам, тамоми вақтам сарфи таҳқиқоту муқоисаву мутолиа буд, аммо ҳамеша мувофиқи хости дил ягон шеър, ягон ғазал ба муносибати зодрӯзи ягон нафаре ё сюжаи ҳикояеро сиёҳнавис карда мемондам. Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки паҳлуҳои дигари эҷодиёти ман рӯшан шавад. Аммо сабаби гароиши ман ҳам ҳамон аст, ки устод Айнӣ гуфтаанд, яъне домони назм тангӣ карду ба наср рӯ овардам. Ҳамин тавр, ҷараёни аз як жанр ба жанри дигар гузаштани ман ҳам дар ҳамин аст. Яъне, имконияти ҳар чӣ бештари ифодаи фикр. Ҳамин тавр, то ҳол се маҷмӯаи шеърӣ таҳти унвони  «Чаманоро»,  «Арзи дил» ва «Таронаи ваҳдат ва муҳаббат» чоп кардам. «Гулшан» ва «Гулшакар» бошад, маҷмӯаҳои насрии банда аст. Ҳамчунин, ҳозир як қиссаам бо номи «Моҳи мунир» дар ихтиёри маҷаллаи «Садои Шарқ» ва як повести дигарам бо номи «Бахти хоболуд» дар ихтиёри маҷаллаи «Паёми Суғд» аст, ки ҳар ду ҳам баъди мутолиа ваъдаи чоп доданд. Воқеан, ин шабу рӯз «Ҷасорати Борбад» ном повести таърихиро ба итмом расонидам.  Мо  Борбадро то ҳол нашинохтаем. Гарчанде дар маъхазҳои боэътимод 30 лаҳни ӯ ном бурда шавад ҳам, аммо ягонтои он мукаммал ба мо омада нарасидааст. Дар ин повест ман хостам мавқеи Борбад дар ташаккули мусиқӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва ишқу висоли ӯро нишон диҳам.

— Чӣ гуна вақт меёбед, ки ҳам рисолаҳои илмӣ нависеду ҳам асарҳои бадеӣ иншо кунед?

— Кам хоб меравам. Барои ман рӯзҳои истироҳат вуҷуд надорад.  Ҳамеша дар пайи ҷустӯҷӯ ва таълиф ҳастам. Ба шумо  таърихи навиштани китоби «Мактаби Айнӣ»-ро, ки ба муносибати 100 -солагии устод Айнӣ таълиф кардам, мегӯям. Ман он вақт сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик, котиби илмии кумитаи тадорукоти ҷашни Айнӣ, узви раёсати кумитаи нашриёт, раиси шуъбаи танқид ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон будам. Бо вуҷуди ҳамаи ин вазифаҳо як «амбарная книга» ҳамеша ҳамроҳам буд ва ҳар ҷое, ки як соат вақт меёфтам, дафтарро рӯйи зону монда менавиштам. Бо  эҷодиёти устод Айнӣ, ки пурра ошно будам, фикру мулоҳизаҳоро менавиштам ва ҷойи иқтибосҳоро холӣ мемондам, шаб хона омада иқтибосҳоро мекӯчонидам. Ҳамин тавр навишта шуд, китоби «Мактаби Айнӣ».

 — Миқдори китобҳоятон ба 70 наздик аст, аммо ба фикратон чӣ китобе ҳаст, ки то ҳол нанавиштед?

— Якум, агар худо хоҳад, мехоҳам, ки ёддоштҳоямро ба охир расонам. Баъдан, ман як рисола навиштам бо номи « Уфуқҳои тозаи наср» дар се ҷилд, 1500 саҳифа. Аммо, агар умр амон диҳад, дилам мехост, ки «Уфуқҳои тозаи назм»-ро нависам. Назми муосири мо як уқёнуси бузургест. Ҳар як шоир бо сабку услуби хос ва навигарӣ ба адабиёт ворид шуд. Лоиқ як дунёи дигар, Бозор дунёи дигар. Гулрухсор, Гулназар, Фарзона, Низом Қосим — ҳеҷ кадоме ба якдигар монанд нестанд, ҳар яке бо рӯҳияи нав вориди адабиёт шуданд. Мехоҳам гароишҳо ва вижагиҳои шеъри навро таҳқиқ кунам. Аммо барои ин вақти зиёд лозим, зеро қисмати насрро даҳ сол навиштам.

Адабиётро аз заҳрпечакҳо тоза мебояд

— Шумо солҳо мудири шуъбаи нақду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон будед. Солҳои шӯравӣ нақд хусусияти мобилӣ дошт, ҳар як асари нав аз ҷониби мунаққидон мавриди нақду баррасӣ қарор мегирифт, аммо имрӯз нақди адабӣ бисёр суст аст, сабаб чист?

— Сабабҳои бисёр дорад. Аввал, касе  ки худро ба илм мебахшад, бояд тамоми ҳаёташро бахшад, илм фидокорӣ мехоҳад, аммо бисёр олимон ин корро намекунанд. Як мавзӯъро гирифта, ҳимоя мекунанду дигар аз пасаш намешаванд. Мунаққидӣ бошад, ҷасорат мехоҳад, ки дар ҳама нест. Дигар ин ки барои рушду нумӯи мунаққид шароити моддӣ нест. Барои навиштани як мақола қалам, варақ, вақт лозим, боз онро пул дода, чопи компютерӣ мекунед. Аммо вақте мақоларо рӯзнома мефиристед, ҳаққи қалам ҳамин хароҷотро намепӯшонад.  Пас, олим чӣ гуна ҳаёташро ба илм бахшад?

— Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯзҳо ба хориҷ кардани аъзоҳои тасодуфӣ машғул аст, аммо ин ташаббус ба зиддиятҳо дучор шуд. Назари шумо нисбати ин тасмим чӣ гуна аст?

— Ман назарамро навиштам ва назари ман мусбат аст. Дар замони мо одамҳое пайдо шудаанд, ки навишта наметавонанд, аммо пул доранд. Пул дода, китоб менависонанд, пул дода, диссертатсия менависонанд, пул дода, шеър менависонанд ва мо инҳоро мешиносем. Инсоф мебояд. Вақти он аст,   ки аз инҳо бояд халос шавем, адабиётро аз заҳрпечакҳо тоза кунем. Ҳозир замоне аст, ки адабиёти моро дар Эрону Афғонистон мехонанд, бояд ҳамрадифи онҳо буд.

— Ташаккур устод барои суҳбати пурмуҳтаво!

Мусоҳиб:

 Одили НОЗИР

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *