Се полиси фархорӣ ба зиндон рафтанд

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукми се корманди пулиси Фархорро, ки дар латукӯби як сокин муттаҳам дониста мешуданд, содир кардааст. Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 12 январ эълон шудааст, Акрамшоҳҷони Абдуллоҳ, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатов аз 5,5 то 6 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Тафтишоти ин парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом дода ва дар моҳи октябри соли гузашта онро барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда буд. Ин кормандони пулиси Фархор бо моддаи 147, қисми 2, бандҳои «а» ва «б», яъне ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил ва 316, қисми 3, банди «а», яъне, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гунаҳкор дониста шуданд.

Анвар Қурбонов, раиси додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ чоршанбеи 8 феврал дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки нисбати ду тан аз ин кормандони милиса 5,5 сол ва нисбати як нафари дигараш шаш сол ҳукм содир шудааст. Қурбонов афзуд, ки парвандаи ин кормандони пулиси Фархор бо супориши додгоҳи вилоят, дар ноҳияи Ҳамадонӣ баррасӣ шуд. Ӯ мегӯяд, ки сабаби ворид шудани парвандаи ҷиноии ин се корманди милисаи Фархор ба додгоҳи ноҳияи Ҳамадониро намедонад.
«Нисбати ду нафарашон 5,5 солӣ ҳукм содир шуд ва як нафараш ба шаш сол гунаҳгор дониста шуд. Баррасии парвандаи ҷиноии онҳо пеш аз ворид шудан ба додгоҳи ин ноҳия, дар суди ноҳияи Фархор идома дошт, аммо додгоҳи вилоят онро аз додгоҳи Фархор гирифта, ба мо дод. Рости сабабашро низ мо намедонем ва танҳо додгоҳи вилоят медонад»,-гуфт Анвар Қурбонов.

Боздошти ин се корманди пулиси ноҳияи Фархорро бо ҷурми латту кӯби Парвиз Ҳабибов дар моҳи июли соли гузашта Сӯҳроб Саломов, муовини вақти сардори раёсати корҳои дохили Хатлон эълон карда буд. Ӯ гуфт, бархӯрди хашин ва латту кӯби сокинон аз ҷониби баъзе кормандони пулис обрӯи ниҳоди онҳоро мебарад ва онҳо ба ин шеваи муносибати ҳамкоронашон бо боздоштшудаҳо мубориза хоҳанд бурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *