Се рӯз дар Роғун. Кормандони КҲФ тамрин карданд

Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022, рӯзҳои 16-18-уми майи соли 2022 дар шаҳри Роғун кормандони Кумита тамринҳо гузарониданд.

Бино ба иттилои КҲФ, кормандони ин ниҳод давоми се рӯз вазъи омодагӣ ва машқҳои ҳамаҷонибаи воҳидҳои Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро дар мавзӯи «Амалҳои роҳбарият, қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи боронҳои пуршиддат, селҳо, ярч, сангрезӣ ва заминларза” тамрин кардаанд.

Дар ин машқҳо раисони комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсия, хадамоти мудофиаи гражданӣ, аъзои воҳидҳои низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва сохторҳои иқтисодӣ иштирок намудаанд.

Дар машқҳо омодагии сохторҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувваю воситаҳо ба боронҳои шадид, сел, шамоли сахт ва эвакуатсияи аҳолии ҷамоатҳои шаҳри Роғун баррасӣ шудааст.

— Ғайр аз ин, иншооти муҳофизатии мудофиаи гражданӣ ба ҳолати омодабош дароварда шуда, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, низомҳои огоҳкунии саривақтии аҳолӣ аз ҳолати фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуда, корҳои соҳилбандӣ гузаронида шуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *