Се ришвахур ба даст афтоданд
Қурбонзода Азизулло Маҳмуд, сардори шуъбаи тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ба хабарнигори «Тоҷикистон таймс» хабар дод,
ки собиқ муовини раиси ноҳияи А.Ҷомӣ Холмуродов Н ҳамзамон вакили маҷлиси вакилони халқи ҳамин ноҳия, бо маслиҳали пешакӣ бо раиси ҷамоати деҳоти «Итифоқ»-и Аминов С ва раиси хоҷаги деҳконии «Вахш» Шарипов Н бо роҳи фиреб ва суистифодаӣ боварӣ гуё барои мусоидат кардан ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар 52 лаҳза аз шаҳрвандон маблағҳоро тасарруф намуда,ба манфиати худ сарф намудааст.
Нисбати Холмурод Н, Аминов С, Шарипов Н парвандаи ҷинояти бо айбдории бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» ва 388 прим1 қисми 2 банди «а,в» -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ва ҷамъбаст гардида, ба суд ирсол карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ