Се — роҳи осони табобати касалии қанд

Ман Муродулло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ. Чанд сол боз ба касалии қанд гирифторам. Ду ҳафта пеш дар сомонаи ОИЛА.tj баромади табиби машҳур Садриддиншоҳ Насриддиншоевро тамошо кардам.

Он кас бо дили пур мегуфтанд, ки касалии қандро бо гиёҳҳо табобат кардан мумкин аст. Мехостам, тариқи саҳифаи “Канзи шифо” Садриддиншоҳ муфассал дар ин бора маълумот диҳанд.

Муродулло, н. Рӯдакӣ.

Посух

Аслан дар тибби расмӣ касалии қанд аз зумраи бемориҳои табобатнашаванда ба ҳисоб меравад, аммо дар тибби суннатӣ бисёр усулҳои паст кардани сатҳи қанд дар хун вуҷуд доранд. Имрӯз мо ба шумо чанд роҳи аз ҳама осони ба низом даровардани миқдори қандро дар хун пешкаш месозем. Фаромӯш накунед, ки риоя намудан ба парҳез шарти аз ҳама асосии табобат аст, агар парҳез накунед, ягон гиёҳ ва дору ба шумо кумак намекунад. Инак:

Нусхаи аввал

Шаш дона пиёзи бехиро майда карда, дар бонкаи шишагии нимлитра андозед. Аз болояш оби ҷӯшидагии хунукшударо рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед ва монед як шаб истад. Субҳ онро полонда, дар давоми рӯз кам-кам бинӯшед. Табобатро бо оби пиёз як ҳафта давом додан лозим аст, то натиҷааш назаррас гардад. Саломат бошед!

Нусхаи дигар

25 грамм барги хушки чормағзро дар термос ё чойники муқаррарӣ андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш резед ва монед тахминан як соат истад. Ин обро саҳар, нисфирӯзӣ ва бегоҳ як пиёлагӣ нӯшед. Ин амалро як ҳафта давом диҳед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард.

Нусхаи сеюм

Оби ҷав қандро дар муддати кӯтоҳ паст мекунад. Фақат гумон накунед, ки оби ҷав гуфта, ман пиворо дар назар дорам. 100 грамм тухми ҷавро ба зарфе андохта, аз болояш тақрибан як литр оби ҷӯш резед. Даҳони зарфро маҳкам карда, дар ҷойи салқин ду шабонарӯз нигоҳ доред. Дар ин муддат даво тайёр мешавад. Онро ҳар рӯз 3-4 маротиба як истаконӣ нӯшед, қанди хунро паст мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *