Се роҳбари толибони Покистон ҳалок гардиданд

Манобеи амниятии Покистон мегӯянд, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Афғонистон ва НАТО дар минтақаи Пактико се раҳбари Толибони Покистон кушта шудаанд. Ин манобеъ рӯзи  гуфтанд, ки Раисхон – маъруф бо номи Аъзам Тариқ – сухангӯи Хон Саид, як гуруҳи Таҳрики Толибони Покистон рӯзи гузашта кушта шудааст. Писари Тариқ ва ду раҳбари Толибони Покистон аз Вазиристони Шимолӣ низ дар пайи ҳамлаҳо ба ҳалокат расидаанд, аммо аз онҳо ном набурданд. То ҳол на нирӯҳои Хон Саид ва на мақомоти Афғонистон дар бораи ин гузоришҳо вокуниш нишон надодаанд. Ҷиноҳи Хон Саид соли 2014 равобитро бо Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари феълии Таҳрики Толибони Покистон қатъ кард буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *