Се судя аз кор озод шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 сентябр Сафармо Имомзодаро аз мақоми раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Мамлакат Очилзодаро аз мақоми судяи суди вилояти Суғд ва Азим Машрабзодаро аз мақоми муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод кард.
Идибек Қаландар бо фармони президент намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА таъйин шуд.
Дар фармони президент Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи озод намудани судяҳо” сабаби аз вазифаи раиси додгоҳи пойтахт гирифтани Сафармо Абдухолиқ Имомзода ва Мамлакат Очилзода аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд «бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” ном бурда шудааст. Аммо дар мавриди Азим Карим Машрабзода гуфта мешавад, ки ӯ «бо хоҳиши худаш” аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда мешавад.
Идибек Қаландар, ки моҳи август ба ҷои Исматулло Насриддинов, писари раҳбари собиқи котиботи президент Ҳикматулло Насриддинов сафири Тоҷикистон дар Австрия таъйин шуда буд, акнун ҳамзамон бо фармони президент вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия)-ро низ бар ӯҳда мегирад. Идибек Қаландар то омаданаш ба Вена раҳбарии Департаменти созмонҳои байналмилалиро дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба дӯш дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ