Се талоқ барои як шапалоқ?!

Дар умрам ба ҳамсарам ягон гапи сахт нагуфта будам. Як рӯз аз сабаби бепарвоии модараш писарчаи яксолаам аз зинапоя афтиду сари қаҳр занамро як шаппотӣ задам.

Дарҳол қаҳр карду бачаашро гирифта баромада рафт. Модарам ҳарчанд кӯшиш карда бошад ҳам, келини эркаашро аз роҳ гардонда натавонист. Гумон доштам, ки баъди як-ду рӯз пушаймон шуда ба хона бармегардад, аммо аз байн як ҳафта гузашту аз занам дарак нашуд. Ғуруру номусро пушти по зада ба хонаи хусурам рафтам, то ки зану фарзандамро гирифта биёрам. Падарарӯсам ба ҷойи моро шинонда насиҳат кардан аз гиребонам гирифта дод зад: “Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки духтари маро мезанӣ?!” Мехостам сабаби ҷанҷоламонро фаҳмонам, аммо додарҳои занам маро зери лагад гирифта, куртаамро дар танам пора-пора карданд. Ҳамсарам аввал аз дур ин манзараро хуб тамошо карду баъд ба ман часпид, ки ҷавобамро деҳ, ман дигар бо ту зиндагӣ намекунам. Базӯр худамро ба даст гирифтам ва чизе нагуфта бо сару рӯйи пурхун ва либосҳои даридагӣ ба хона баргаштам. Зӯрию пешхезӣ гуфтагӣ барин, чанд рӯз маро ба суд ҷеғ заданд. Занам аз балоям аризаи шикоятӣ навишта, хоҳиш кардааст, ки никоҳи моро бекор намоянд. Новобаста ба ҳама гапу кори шуда гузашта ман ҷавоби занамро доданӣ набудам, вале ӯ тақдири кӯдаки дасташро накарда, дар пеши ҳама аз гиребонам гирифт, ки мард бошӣ, талоқи маро медиҳӣ. Ночор ҷавобашро додам. Дилам барои писарчаам гум мезанад, вале модару бобояш намемонанд, ки ман фарзандамро бубинам.

Хонандагони азиз! Шояд ман гунаҳгор бошам, вале мақсадам талоқ додан набуд, танҳо хатогии занамро фаҳмониданӣ буд, аммо…

Саттор, н. Ҷалолиддини Румӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *