Се тоҷики қочоқбар дар Волгоград дастгир шуд

Дар шаҳри Волгогради Русия се шаҳрванди 32, 23 ва 22-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати шаҳрии ВКД-и Русия,  ин афрод ҳангоми омодасозии  1 килограмм ҳероин барои фурӯш ба даст афтодаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Кирови шаҳри Волгоград манзилеро ба кироя гирифта ва ба қочоқи ҳероин машғул будаанд.

Нисбати ин афрод бо моддаи “Қочоқи маводи мухаддир ба миқдори хеле калон” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, дар сурати собит шудани ҷурмашон дар суд ин се нафар ба муддати то 20 сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.

Зимнан, дар моҳи августи соли ҷорӣ суди ноҳияи Красноярски вилояти Самараи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир ба 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон карда буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи вилояти Самара, фарди гумонбар рӯзҳои 23-24 ноябри соли 2018 ба миқдори 25 килограмм маводи мухаддири героинро аз Толяттӣ харидорӣ карда ва озими шаҳри Кемерово шудааст. Дар ҳудуди ноҳияи Красноярски вилояти Самара пулис ин шахсро боздошт кардааст.

Ҳамчунин, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар шаҳри Пензаи ин кишвар ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *