Се узви дастаи Алии Бедакиро дастгир кардаанд (Видео)
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт се узви собиқи дастаи мусаллаҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакиро дастгир кардаанд. Искандар Ятимов, Иброҳим Қаҳҳоров ва Саидумрон Абдураҳмонов ба ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ, дуздӣ ва қатли мудири фермаи чорво Акбар Маҳмадов дар соли 1998 айбдор мешаванд.
Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии «Сипар – Ахбори ВКД” дар бораи боздошти се узви дастаи мусаллаҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ хабар дод.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар озодӣ қарор додани афроди ҷиноятпеша ба истилоҳ аэдаҳои хуфтаро мемонад, зеро ҷинояткор ҳар лаҳза метавонад зарарашро ба ҷомеа бирасонад: «Ба ин далел кормандони милитсия талош мекунанд, ки ҷиноятҳои солҳои пеш нокушода намонад.”
Се узви дастаи Алии Бедакӣ, ки ахиран дастгир шуданд, Ятимов Искандар Мададович, соли таваллудаш 1961, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, Абдураҳмонов Саидумрон Сайраҳмонович, соли таваллудаш 1961, сокини деҳаи Белгии ноҳияи Рашт, Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Белгии ноҳияи Рашт будаанд.
Бино ба гузориши вазорати дохила, ин се нафар дар ҳайъати дастаи Алии Бедакӣ аз соли 1998 то замони пароканда шудани ин гуруҳ посгоҳҳои ғайриқонунӣ ташкил дода, ба ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва дуздӣ машғул будаанд.
Дар гузориш гуфта мешавад: «Яке аз далелҳои равшан ва раднашавандаи ҷинояткории ин се гумонбар куштори шаҳрванд Маҳмадов Акбар Маҳмадович, соли таваллудаш 1942, сокини деҳаи Ялдимичи ноҳияи Рашт аст. Марҳум вазифаи мудири фермаи чорводориро ба ӯҳда дошт. Аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шумораи зиёди чорво ӯро таҳдиду латукӯб карда, оқибат моҳи сентябрисоли 1998 бо истифода аз силоҳи оташфишон Акбар Маҳмадовро ба ҳалокат расонданд.”
Иброҳим Қаҳҳоров, яке аз боздоштшудаҳо дар ин гузориш даст доштанашон дар куштори Маҳмадовро эътироф мекунад: «Ман аз ҳаминҷо истода нигоҳ доштам. Мепарронад якум тирашро, баъд дуюм тирашро аз пушташ зад. Вақте ӯ ба замин афтод, боз ду тири дигар аз пешаш зад. Ман ба замин ғалтиданашро дидам. Ғалтидани Маҳмадов Акбарро.”
Маркази матбуоти вазорати дохила мегӯяд, ҳарсе боздоштшуда ба ҷиноятҳои дар солҳои пеш содиркардаи худ иқрор кардаанд. Ба зидди Искандар Ятимов, Иброҳим Қаҳҳоров ва Саидумрон Абдураҳмонов бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Тафтиши парвандаро додситонии ноҳияи Рашт пеш мебарад.
Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳайъати нирӯҳои Иттиҳоди мухолифин меҷангид. Ӯ дар соли 2010, дар пайи шабехун ба зидди сарбозони артиши давлатӣ дар дараи Камароб, ки боиси ҳалокати 26 нафар шуд, мавриди таъқиб қарор гирифт. Мақомот гуфтанд, ки Алии Бедакӣ бо тарафдоронаш ба Мулло Абдулло Раҳимов, як фармондеҳи собиқи мухолифин пайваста, ба зидди давлат исён бардоштааст.
Дар ибтидои моҳи январи соли 2011 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки Алии Бедакӣ ҳангоми боздошт муқовимат нишон дод ва кушта шуд.
Вале баъди чанде дар Интернет навори видеоие пайдо шуд, ки дар он кормандони мақомот Алии Бедакиро зинда дастгир карда, дар дохили як мошин бозпурсӣ мекарданд (ДАР АКС). Дар бораи ин видео аз ҷониби мақомот ягон шарҳе дода нашуд.
Мулло Абдулло моҳи апрели соли 2011, 4 моҳ баъди Алии Бедакӣ дар як пинҳонгоҳе дар марзи байни ноҳияҳои Рашту Нуробод кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ки аз ин пинҳонгоҳ як парчами сиёҳи гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро низ пайдо кардаанд.
Шакли пурраи барномаи «Сипар”-ро инҷо тамошо кунед:
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ