Се захмии сӯхтори Қубодиёнро ба Душанбе интиқол доданд
Се нафар аз захмиҳои сӯхтор дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд.
Холмурод Ойматов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён дар як суҳбати телефонӣ ба Pressa.tj гуфт, ки “дирӯз мо Раҷаббой Малаев, соли таваллудаш 1998-ро ба беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе бурдем”. Ӯ мегӯяд, дар беморхона барои табобати ӯ шароит муҳайё буд. Вале захмишуда дар оянда ба ҷарроҳии пластикӣ ниёз дорад. Барои ҳамин зарурати интиқоли бемор ба шаҳри Душанбе пеш омад.
Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон низ интиқоли се захмии сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиёнро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки як нафар дар Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва ду нафар дар Маҷмааи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон бистарӣ буданд.
Ба иттилои манбаъ, онҳое, ки дар Маҷмааи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон бистарӣ буданд, ҳанӯз 1-уми март ба шаҳри Душанбе интиқол шуда будаанд.
Бояд гуфт, аз захмишудаҳои ин сӯхтор ҳанӯз 22-юми феврали соли ҷорӣ Холёр Нурматов, сокини деҳаи Чорбоғ, ҷамоати деҳоти Эшмурод Ниёзов фавтида буд. Бадани ӯ қариб сад дар сад сӯхта буд.
Ёдовар мешавад, ки рӯзи 21-уми феврали соли равон дар натиҷаи сӯхтори як нуқтаи фурӯши сузишворӣ дар ноҳияи Қубодиён 14 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Мутаассифона, аз захмишудаҳо як нафараш ба ҳалокат расида буд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ