Сел дар Ҳалқаҷари Хуросон
Дар натиҷи боронҳои рӯзҳои охир дар ноҳияи Хуросон сел омадааст. Ба иттилои масъулин, аз ин офати табиӣ ба касе зарар нарасидааст.
Амонҷон Муҳиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj омадани сел дар ноҳияи Хуросонро тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд, ки рӯзи 26-уми октябри соли 2022 тахминан соатҳои 15 ба 16-и баъди нисфирӯзӣ дар натиҷаи боридани борон дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айни деҳаи Ҳалқаҷар сел омад. Вале аз ин офати табиӣ касе зарар надидааст. “Сел ба селпарто гузаштааст ва касеву чизе зарар надидааст. Агар ба касе зарар мерасид, ҳатман мо огоҳ мешудем. Комиссияи ноҳиявӣ маълумотро пурра ба мо мерасонад”,- гуфт ӯ.
Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Хуросон низ дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки “сел омада буд, вале ба селроҳа гузашта рафтааст ва ба касе ва чизе зарар нарасидааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ