Сел дар Дарвоз 4 тан куштаву чанд тани дигар нопадид гаштанд
Бар асари бориши зиёди борон ва омадани сел аз ҷониби Афғонистон, маҷрои дарёи Панҷ дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон баста шуда, дар деҳаи Хостави ҷамоати Нулванд, дар 55-километрии маркази ин ноҳия, беш аз бист манзили сокинон, комилан зери об мондааст.
Аз ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки сел баъди зӯҳри 8-уми июл омада, сокинон натавонистаанд аз манзили худ асноду таҷҳизоти заруриро бигиранд. Дар ин ҳодиса, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст, вале сел ҳудуди 20 хонаи сокинони ин деҳаро ба таври комил тахриб кардааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар чанд соати аввали пас аз фаромадани сел, сатҳи оби Панҷ баланд шуда ва ба хонаҳои сокинони деҳаи Хостав таҳдид мекард. Танҳо наздикҳои шоми 8-уми июл дарёи Панҷ то андозае ба маҷрои худ баргашт ва дар ҳоли ҳозир сатҳи об каме поин рафта ва таҳдиди он ба хонаҳои сокинон камтар шудааст.
ба гуфти вай мақомот дар ҷойи ҳодисаанд ва талош доранд, ки сокинонро ба ҷои амнтар кӯч диҳанд. Феълан шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз низ зери об монда, ҳаракат дар ин масир масдуд шудааст. Дар ҳоли ҳозир ҳаракат ба сӯи Душанбе аз Бадахшон тавассути гарданаи Хобурубот, сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Нуҳуллоҳи Ноҷӣ, як сокини вулусволии Шикайи Дарвози Афғонистон гуфтааст, дар ин ҳодиса 4 нафар аз бошандагони деҳаи Рованак, ки дар масири сел қарор доштанд, ба ҳалокат расида ва ҳафт тани дигар захмӣ шудаанд. Ин бошандаи Дарвози Афғонистон гуфт, ки чанд нафари дигар нопадид ҳастанд ва эҳтимол дорад шумораи қурбониён афзоиш ёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ