Сел дар Хуросон: марги як нафар ва харобии зиёд
Рӯзи гузашта бар асари борони шадид ва ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросон як сокини 18-сола ҳалок шуда ва ба иқтисоди ноҳия хисороти ҷиддӣ ворид гардидааст.
Рӯзи гузашта бар асари борони шадид ва ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросон як сокини 18-сола ҳалок шуда ва ба иқтисоди ноҳия хисороти ҷиддӣ ворид гардидааст.
Аз ҷумла, Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 3 май ба сомонаи Tajikistan Times гуфт, дар натиҷаи ҷорӣ шудани сел 18 участкаи наздиҳавлигӣ хароб ва як пули иртиботӣ дар роҳи автомобилгарди Бохтар-Душанбе қисман вайрон шудааст.
Ҳоло дар ин минтақа корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи табиӣ идома дорад.
Тибқи иттилои КҲФ, дар ду рӯзи ахир ба далели боришоти шадид ва ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 70 участкаи наздиҳавлигӣ зарар дида ва 8 манлизи зист қисман зери об мондаанд. Талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз зарари жола ба кишти зироатҳо ва меваҷоти 30 минтақаи осебпазир дар ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Хуросон, Ёвон ва Кӯшониён аз гулӯлаҳои тӯпҳои зиддижола истифода кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ