Сел дар Панҷакент ҷони як нафарро бурду ба замину роҳҳо хисорот расонд

Рӯзи 23 июни соли равон дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва Ворӯи  шаҳри Панҷакент, аз ҷумла деҳаҳои Кулолӣ, Зери ҳисор, Порвен, Вен дар натиҷаи боришоти зиёд сел омадааст.

Сел роҳи деҳаҳоро вайрон ва ба замину ҳавлии сокинон хисорот расонид.

Аммо бино ба маълумоти ба Pressa.tj расида, як зан аз деҳаи Шашқат ҷони худро аз даст додааст. Ҷасади ӯро пас аз се соати ҳодиса пайдо кардаанд. Ин зан 22 сол дошта, соҳиби як фарзанд будааст.

Дар ҳамин маврид Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар хабар медиҳад, дар натиҷаи раъду барқ, боронгариҳои шабонарӯзи охир ва омадани сел 3 нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расидаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки 23-юми июн ду сокини 18 ва 20 — солаи деҳаи Солимолидашти ноҳияи Балҷувон, ки барои ҷамъоварии ғизои чорво ба саҳро рафта буданд, аз зарби раъду барқ ба ҳалокат расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *