“Селфи” бемор мекунад

Муҳаққиқони амрикоӣ таҳқиқ кардаанд, ки суратгирӣ ва ё ба қавле “селфи”-и зиёд нишонаи бемории рӯҳӣ мебошад.

Равоншиносон исбот намудаанд, ки агар ҳар нафар дар як рӯз зиёда 3 маротиба  худро акс гирад, ин нишонаҳои вайрон шудани ҳолати рӯҳии одам шуморида мешавад. Вале агар  селфигир акси гирифтаашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн накунад, ин беморӣ на он қадар хатарнок мебошад. Равоншиносони амрикоӣ бар он  ақидаанд, ки шахс  аз меъёр зиёд акс мегираду барои ҷалби таваҷҷуҳи дӯстони интернетияш онро паҳн менамояд, аз норасоии таваҷҷуҳи атроф танқисӣ мекашад. Ба маънои дигар, он гуна  таваҷҷуҳе, ки дилаш мехоҳад, бе «селфии ҷолиб» ба даст оварда наметавонад.

Олимон меҳисобанд, ки ин гуна беморӣ аз нобоварӣ ба худ пайдо мешавад. Интернет воситаи муҳимест барои худбаҳодиҳии беморон. Бо ин роҳ «ошиқон»-и селфи аз дӯстонашон «лайк», мегиранду шарҳи онҳоро интизор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *