Сели ҳалокатбор дар Хуросон (Аксҳо)
Рӯзи 14-и май дар ноҳияи Хуросон аз боришоти зиёди борон сел омада, ба сокинон хисороти зиёд расонид. Дар пай ин офати табиӣ як сокини ноҳия низ ҷон додааст.
Сокинон мегӯяд, баъди боришоти зиёди борон сел омада ба хонаҳои онҳо даромадааст. Аз ин офати табиӣ мо сокинон хисороти зиёд дидаем. Ҳоло дар якҷоягӣ бо масъулини ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҳавливу хона ва роҳҳои пиёдагарду мошингардро аз обу лой тоза мекунем.
Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар суҳбати телефонӣ гуфт, тахминан соатҳои 17:00-и рӯзи 14 май сел омад. Ин офати табиӣ бе хисорот набуд. То ҳол ҳисобу китоб нашудааст, ки чанд хона қисман ва чанд хонаи дигар пурра вайрон шудааст. Ҳоло коммисия фаъолият дорад.
Дар ҳамин ҳол Исозода Сулаймон, сардори кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон гуфт, сел ба ду ҷамоати деҳот Ҳилолӣ ва Садриддин Айнӣ хисорот овардааст. Мутаассифона, дар ин офати табиӣ як сокини 55 солаи ноҳия ба ҳалокат расид,-афзуд ӯ. Аз дирӯз шуруъ карда, коммисияи ноҳиявӣ ва 30-нафар корманди кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ ҳамроҳи мардум кор карда истодаанд,-гуфт вай. Коммисияи ноҳияивӣ то се рӯз муайян мекунад, ки чанд хонаи сокинон, чанд гектар заминҳои кишт ва чанд километр роҳҳо зарар дидааст.
Бояд гуфт, рӯзи 21-марти соли равон дар натиҷаи бориши зиёди борон дар ноҳияи Хуросон сел омада буд. Аз ин офати табиӣ як сокини ноҳия вафот карда, хонаҳои сокинон ва заминҳои кишти онҳо пур аз обу лой шуда буд. Масъулони ситоди вилоятӣ хисороти сели моҳи марти соли равон дар ноҳияи Хуросонро зиёда аз 1 миллиону 335 ҳазор сомонӣ гуфта буданд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ