Сели харобиовар дар Рӯшон. 68 оила ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд
Дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон сел омада, вориди 2 хонаи истиқоматӣ шудааст. Дар натиҷаи сел иншооти ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зарар дидаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, 24-уми август сел ҷараёни об дар канали НБО-и деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр бастааст. Бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонӣ 68 хоҷагӣ бо шумораи 143 нафар ба МТМУ-и №10 ва хонаҳои хешу таборонашон, ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд.
— Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад экскватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ дар ин самт идома доранд,- омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми август 68 хоҷагие, ки бар асари хавфи офатҳои табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои истиқоматии худ баргаштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ