Семенар оид ба саратон ва пешгирии он

Айни замон дар шаҳри Душанбе семенари омӯзишӣ оид ба ташкил намудани “Регистри  миллии бемориҳои саратон” баргузор шуда истодааст, ки дар он сарварони марказҳои саратоншиносии кишвар ва дигар мутахассисони соҳа иштирок доранд.  Мақсад аз баргузории семенар баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи саратоншиносии кишвар ва ташкил намудани “Регистри  миллии бемориҳои саратон” дар Тоҷикистон мебошад.

Акс аз рафти семенар

Ба гуфти саратоншиносон ин намуди  беморӣ дар Тоҷикистон баъд аз бемориҳои қалб, аз кушандатарин бемории ғайрисироятӣ ба ҳисоб меравад ва тақрибан 59%-и маргу мир аз ҳисоби ин бемориҳоянд. Бино ба пажўҳишҳо, то соли 2020 ба сари ҳар 100 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз 13 то 15 ҳолати гирифторӣ ба саратони ғадуди ширӣ ё бачадон рост хоҳад омад.  Мақсад аз баргузории чунин омӯзишу семенарҳо пеш аз ҳама  пеширӣ аз бемории саратон ва пайдо кардани роҳҳои муосири табобат аст.

Ба гуфти  Сарвари “Беморхонаи маркази саратоншиносии вилояти Суғд” номзади илмҳои тиб,  Мансуров Фурқат  Сайдуллоевич яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз ин намуди беморӣ  сари вақт муроҷиат намудани шаҳрвандон аст, ки  бо ин васила метавон  60-70%-и бемориро табобат кард.

 Дар ҳоле ки дар кишвар бемории саратон сол аз сол ба қавле «ҷавонтар» мешавад, бояд ҳарчи бештар роҳҳои нави табобатро дарёфт кард. Зеро, даҳ сол қабл, синни миёнаи гирифторони ин намуди беморӣ 40-55-соларо ташкил медод, вале солҳои охир   ин нишондиҳандаи синнусолӣ 35-45 солро ташкил медиҳад, ки шумораи умумии онҳо саратон занонанд.

                                                              Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *