Сенат дахолати Русияро дар интихоботи ИМА тасдиқ кард

Кумитаи иктишофии Сенати ИМА гузориши худро дар бораи истифодаи Русия аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъсир расондан ба афкори оммаи амрикоиҳо нашр кард.

Муаллифони гузориш бар инанд, ки гуруҳи ба истилоҳ, «фабрикаи троллейҳо»-и марбут ба Кремл дар давраи интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 барои маъруф шудани Доналд Трамп кор карда, ҳамзамон талош кардааст, обурӯи рақиби асосии ӯ аз Ҳизби демократҳо Ҳилларӣ Клинтонро поин барад. Гузориши сенат хулосаи нашркардаи Хадамоти махсуси ИМА-ро тақвият бахшид.

Кумита 8 октябр дар гузориши худ гуфтааст, Оҷонси пажӯҳишҳои интернетии Русия ҷузъи ҷанги густардаи иттилоотие буд, ки то ҳол идома дорад. Созмондиҳандагони он барои ба вуҷуд овардани ихтилофи назар дар ҷомеа ва доираи сиёсии Амрико талош кардаанд.

Оҷонси пажӯҳишҳои интернетӣ, мақарраш дар Петербург, ки бо номи «фабрикаи троллейҳо» низ маъруф аст, ба соҳибкор Евгений Пригожин, шахси наздик ба Кремл тааллуқ дорад. Додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар гузориши худ дар бораи дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА борҳо номи оҷонси мазкурро зикр карда буд.

ИМА зидди як қатор шахсони воқеию ҳуқуқии марбут ба «фабрикаи троллейҳо» бо шумули Евгений Пригожин барои амалҳояшон зидди Амрико таҳрим эълом кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *