Қасами Шавкат Мирзиёев
Сенат ё палатаи болоии парлумони Узбекистон рӯзи 13 декабр истеъфои нахуствазир Шавкат Мирзиёевро пазируфт, ки аз моҳи сентябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи президент ва дар пайи интихоботи 4 декабр президенти нави Узбакистон интихоб шуд. Аз рӯи қонунгузории Узбекистон, бо рафтани сарвазир аъзои ҳукумат ҳам пурра ба истеъфо меравад. Бо пешниҳоди Мирзиёев, ба мақоми сарвазирии Узбекистон Абдулло Орипов пешбарӣ шудааст.
Баъди ҳисобҳои ниҳоии интихоботи президентии рӯзи 4 декабр, Кумисюни марказии интихоботи Узбекистон рӯзи 9 декабр Шавкат Мирзиёевро барандаи интихоботи президентӣ эълон кард. Мирзиёев бо дарёфти 88,61 дарсади овозҳои тарафдоронаш барандаи интихобот гардид. Вай рӯзи 14 декабр дар шаҳри Тошканд ба ҳайси президенти нави Узбекистон савганд ёд хоҳад кард. Аз рӯи қонун «Дар бораи интихоботи президентии Узбакистон», маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии нав бояд на дертар аз ду моҳ баъди эълони натиҷаҳои расмии интихобот баргузор шавад. Аз рӯи мӯҳлате, ки қонун муайян кардааст, маросим бояд моҳҳои январ-феврали соли 2017 баргузор мешуд, вале тасмими ниҳоӣ ин шуд, ки баъди 10 рӯзи баргузории интихобот Мирзиёев расман дар мақоми президентӣ кор кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ