Сэндхаген мехоҳад қаҳрамони ҷаҳон шавад

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, муборизи муҳорибаи омехтаи амрикоӣ Кори Сэндхаген (17-4) пас аз шикасти Роб Фонт (20-7) хоҳиши баргузории мубориза барои унвони қаҳрамониро эълон кардааст.

“Ман мехоҳам қаҳрамони ҷаҳон бошам ва муҳим нест, ки бо Стерлинг ё О’Мэлли мубориза кунам. Ман фикр мекунам, ки сазовори унвони навбатии худам. Ман бар рақибони хеле ва хеле сахт пайиҳам се ғалабаи боварибахш дорам”,- гуфтааст ӯ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Сэндхаген дар задухӯрд бо Фонтон сахт маҷруҳ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *