Сербия зери фишори СММ алайҳи Русия раъй дод

Вучич овоздиҳии зидди Русияро дар фишори СММ ва садоқати ИА шарҳ дод.

Президенти Сербия Александр Вучич рӯзи 7-уми апрел гуфт, ки кишвараш саъй дорад аз ширкат дар раъйдиҳӣ барои хориҷ кардани Русия аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ худдорӣ кунад, аммо таҳти фишор ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ раъй дод.

Ба гузориши Радио ва Телевизиони Сербия, далели раъйдиҳӣ гузоришҳо дар бораи куштори мардуми осоишта дар вилояти Киев будааст. Ба гуфтаи Вучич, фишор болои Сербия хусусияти шахсӣ надошт, онҳо на шахсан ӯро, балки кишварро шантаж мекарданд.

Ҳамин тариқ, Иттиҳодияи Аврупо гӯё Сербияро бо шомил шудан ба бастаи таҳримҳои нафт таҳдид кардааст. Сиёсатмадор таъкид кард, ки Сербия аз нигоҳи низомӣ бетараф аст, аммо аз нигоҳи сиёсӣ не. Вай аз чиҳати сиёсӣ ба Иттиҳоди Аврупо содиқ аст ва аз ин рӯ, ба манфиати Москва перспективаҳои интегратсияи Европаро аз байн намебарад.

«Ман Ғарбро дӯст медорам, ман Русияро хеле дӯст медорам, аммо Сербияро бештар аз ҳама дар ҷаҳон дӯст медорам»,- гуфтааст Вучич.

Ёдовар мешавем, ки Сербия алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ накарда буд, аммо рӯзи 2-юми март дар Шӯрои Амнияти СММ ба тарафдории қатъномаи зидди Русия раъй дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *