Сергей Катирин: Муҳоҷирон ба Русия бо оилаҳояшон биёянд

Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия (ПСС) Сергей Катирин пешниҳод кард, ки вуруди муҳоҷирони корӣ ба кишвар дар давраи пандемияи коронавирус содда карда шавад, аз ҷумла, имкон дода шавад, ки мутахассисони бо оилаҳои худ биёянд.

Номаи дахлдор ба сарвазир Михаил Мишустин фиристода шуд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба ин санад хабар додааст. Тавре ки Катирин дар номаи худ қайд мекунад, палата аз намояндагони доираҳои тиҷоратӣ дархостҳои зиёдеро дар бораи сабук кардани вуруди хориҷиён ба Русия дар шароити маҳдудиятҳо бо сабаби коронавирус қабул мекунад. Роҳбари Палатаи савдо ва саноат пешниҳод мекунад, ки тасдиқи ҳатмии вуруди мутахассисони хориҷӣ дар ҳар як даъвати минбаъда бекор карда шуда, бо тасдиқи яквақта  маҳдуд карда шуда, инчунин ба аъзои оилаи онҳо иҷозати вуруд ба Русия дода шавад. Қаблан рӯзномаи «Известия» бо такя ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки миқёси хуруҷи муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш ёфтааст, шумораи коргарон аз  дигар кишварҳо нисбат ба моҳи сентябри соли 2019 коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои ВКД, теъдоди иҷозатномаҳои корӣ коҳиш ёфта, шумораи шаҳрвандоне, ки дар Русия аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кор мекунанд, 26 дарсад кам шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *