Сергей Лавров ба Душанбе меояд
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти вазирони корҳои хориҷии СПАД дар Душанбе иштирок хоҳад кард
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи 19 май дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Дар ин бора намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова зимни брифинг изҳор дошт.
«19 май дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат хоҳад кард», — гуфт вай.
Захарова ёдовар шуд, ки соли 2021 Тоҷикистон СПАД-ро раисӣ мекунад. Ба ғайр аз ҷумҳурӣ, ба ин созмон боз панҷ давлати дигар, яъне Русия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон шомиланд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ