Сергей Лавров ба Тоҷикистон меояд
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзҳои 5-6-уми июн бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора дар як паём дар вебсайти департаменти дипломатии хориҷии Русия гуфта мешавад.
Қарор аст, ки дар Тоҷикистон Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кунад.
«Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди минбаъдаи иттиҳод миёни Маскаву Душанбе баррасӣ карда мешаванд…»,- омадааст дар хабар.
Ҷонибҳо ба ҳамоҳангии Маскаву Душанбе дар платформаҳои асосии байналмилалӣ таваҷҷуҳ хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ