Сергей Лавров: Русия дар танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон бетараф нест
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия 28-уми май гуфтааст, Русия омода аст, дар гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад.
«Дар робита ба вазъи марз байни Тоҷикистону Қирғизистон… Ин бори аввал нест, ки мутаассифона, чунин таниш сурат мегирад. Мо аз ҳампаймонони худ даъват мекунем, ки вориди гуфтугӯ шаванд ва то ҳадди аксар аз истифодаи силоҳ худдорӣ варзанд. Омодаем хидмати миёнаравии худро пешниҳод кунем. Ва бовар дорем, ки ҳар чи зудтар вазъ ором шавад, ҳамон андоза беҳтар аст. Мо дар ин бора ба дӯстонамон хабар додем», — гуфт Лавров.
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва инчунин, Қирғизистон дар мавриди назари вазири корҳои хориҷии Русия вокуниш накардаанд.
Ёдрас мешавем, ки 24 майи соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ сар зад. Тавре Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, бар хилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24 майи соли 2020 дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Чичилик ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардиданд.
Дар натиҷа онҳо ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд. Сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки қаламрави деҳаро тарк кунанд.
Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст.
Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар изҳороти худ мегӯяд, ки ин амали иғвоангезонаи сарҳадбонони ҶҚ ҳамчун нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад ва метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии ҶТ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ