Сергей Лавров аз Донишгоҳи славянии Россия ва  Тоҷикистон дидан кард 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва  Тоҷикистон ҳамроҳи ректорашон Нуралӣ Солеҳов Вазири  корҳои хориҷии Россия Сергей Лавровро пешвоз ва бо ӯ акс мегиранд.

Сергей Лавров дар рафти сафар ба Тоҷикистон дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон суханронӣ  кард. Дар даромадгоҳ вазирро донишҷӯёни тоҷик ва рус бо либосҳои миллӣ  пазироӣ намуданд.

Онҳо барои Лавров сурудҳои миллии тоҷикию русӣ  хонданд ва ҳамроҳаш акс гирифтанд.

Сергей Лавров  зимни суханронии худ изҳор дошт, ки Россия кӯшиши он ҷавонони тоҷикро, ки мехоҳанд дар  макотиби  Россия таҳсил кунанд, қадр мекунад. «Имрӯзҳо мувофиқи барномаи Россия дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо  зиёда  аз 28 ҳазор нафар донишҷӯёни Тоҷикистон  таҳсил мекунанд», — афзуд вай.

Вазир ҳамчунин ёдовар шуд, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар рушди омӯзиши забони русӣ ва фарҳанги русӣ дар кишвар аҳамияти хос медиҳад.

Ин сафари нахустини Вазири корҳои хориҷии Россия ба Тоҷикистон нест. Моҳи апрели соли 2012 низ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷиккистон Сергей Лавров меҳмони устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон шуда буд. Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат дар донишгоҳ баргузор шуд, ректори ҳамонвақтаи ДСРТ Маҳмадюсуф Имомзода ба Лавров дипломии «Доктори иифтихории Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон»-ро супорид.

Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров 4-5 феврали соли 2019  бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон  омад.   Ӯ бо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот  намуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *