Серхио Рамос ба “Севиля” бармегардад?

Собиқ ҳимоятгари дастаҳои “Реал Мадрид” ва “ПСЖ” — Серхио Рамос эҳтимол ба “Севиля” баргардад. Дар ин бора Cadena SER хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло гуфтушунидҳо хуб ҷараён доранд. Ҷонибҳо қариб ба мувофиқа расидаанд.

Гуфта мешавад, ки мушкилоти «Севиля» танҳо маоши бозигар аст. Ҳоло ин ягона мушкилӣ аст, ки шояд садди ин гузариш гардад.

Худи Рамос ба бозӣ дар Лигаи Чемпионҳо манфиатдор аст. «Севиля» ҳарчанд дар Ла Лига ин мавсим муваффақ набуд, лек дар Лигаи Аврупо қаҳрамон шуд ва роҳхати Лигаи Чемпионҳоро ба даст овард.

Бояд қайд кард, ки Рамос фаъолияти худро дар бошгоҳи “Севиля” оғоз карда буд. Ӯ соли 2005 онро тарк карда, ба “Реал Мадрид” гузашта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *