“Северний ветер” иҷозати парвоз гирифт, мусофирон ба Русия мераванд

Парвозҳо дар пайи як норозигии мусофирон амалӣ шуданд.

Дар пайи норозигӣ ва таҷаммӯи мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, мақомот ба чанд парвози ширкати «Северний ветер» иҷозат додаанд.
Дафтари матбуоти Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ба шаҳрҳои Иркутск ва Қазон парвозҳо анҷом шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, парвоз ба шаҳри Санкт-Петербург имрӯз сурат мегирад.
Ин парвозҳо дар пайи як норозигии мусофирон амалӣ шуданд. Рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми май даҳҳо мусофири дармондаи ширкати «Северний ветер» дар Фурудгоҳи Душанбе ҷамъ шуда, аз мақомот талаб карданд ки ба мушкили онҳо расидагӣ шавад.
Ба гуфтаи мусофирон, онҳо як ҳафта аст ки наметавонанд ба Русия парвоз кунанд. Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ба назди мусофирони норозӣ омада буд, дирӯз ваъда дод, ки масъаларо баррасӣ мекунанд.
Таҷаммӯи мусофирон дар назди Фурудгоҳи Душанбе баъд аз зуҳри 26-уми май оғоз шуд ва қариб ду соат идома дошт. Мақомот барои ҳифзи тартибот маъмурони милисаро даъват карданд.
Ҳафтаи гузашта Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ иҷозатномаи ширкати «Северний ветер»-ро барои ба гуфтаи мақомот баланд бурдани нархи билет бекор кард. Аммо намояндагони ширкат пештар инро рад карда, гуфтанд, чиптаҳоро аз меъёри муқарраршуда гарон нафурӯхтаанд.
Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия баъд аз як соли танаффус 1-уми апрел оғоз шуд, вале то ҳол шикоятҳо аз дармондани мусофирон дар фурудгоҳҳои кишвар расонаӣ мешаванд. Ҳоло ҳавопаймҳои «Ют Эйр», «Сомон Эйр», «Уралские авиалини», «Сибир» ва «Ямал» иҷозаи парвоз байни Тоҷикистону Русияро доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *