Севинч ба Тошканд даъват мекунад
Севинч Мӯъминова, сарояндаи маъруфи узбек, гуфт, ки ба ояндаи хуби равобити Тошканду Душанбе бовар дорад.
Ӯ рӯзи 11-уми май дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт,ки дар гузашта низ риштаи ин иртибот канда набуд.
«Тоҷикистон ва Узбекистон бо ҳам иртиботи хуб доштанду доранд. Муносибатҳои мо дар оянда боз ҳам беҳтар хоҳанд шуд», — афзуд Севинч. Ин овозхон гуфт, ки баробари поин шудан аз ҳавопаймо бо истиқболи гарми тоҷикон рӯбарӯ шуд ва афзуд, хотираи хубе ба Узбекистон мебарад. Рӯзҳои фарҳанги Узбекистон дар Тоҷикистон баъди чанд соли танаффус рӯзи сешанбе шуруъ шуда, шоми 12 май ба поён хоҳад расид. Севинч Муъминова гуфт, ки чунин барномаҳо эътимод ба якдигарро бештар мекунад ва аз тоҷикистониҳо низ даъват намуд, бо барномаҳои худ ба Тошканд бираванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ