Сезанагии актиёр фош шуд!
Ин шабу рӯзҳо ҳушу ёди хурду калон ба ҳамин филми пурмоҷаро банд буда, ҳама бо беқарорӣ қисматҳои нав ба нави ин сериали тамоми ҳодисаҳояш ба зиндагӣ хеле наздикро интизорӣ мекашанд. Нақши Камолро дар ин филми пурмоҷаро яке аз ҳунармандони машҳури турк Маҳмад Булен офаридааст. Филм бисёр пурпечутоб буда, писарони Камол, ки аз ду модар ҳастанд, ҳатто қасди куштани якдигарро мекунанд, аммо ин марди боандеша дар мушкилтарин ҳолат низ роҳи наҷотро пайдо мекунад. Кист, ин ҷавонмарди зебою бовиқоре, ки мисли куҳ чизе руҳи бузурги ӯро шикаста наметавонад?
Камол Эпикчи боз як зани дигар доштааст!
Камол Эпикчи, раиси як ширкати бонуфуз дузана будааст!
Бо чунин сарлавҳаҳои пурҳангома вақтҳои охир дар матбуот мақолаҳои бисёре пайдо шуда, обрӯи ин марди машҳурро дар байни мардум коста месохтанд. Қисме ба ин сару садоҳо бовар накарда мегуфтанд, наход як соҳибкори шуҳратёр обрӯи худро фикр накарда, барои ким-кадом зани дигар шуда, аз баҳри зану фарзандонаш гузарад, вале шахсоне низ буданд, ки ба рӯйи оташи овозаҳо равған пошида қасам мехӯрданд, ки дар куҷо зиндагӣ кардани зани дуюми Камол Эпикчиро медонанд. Бо “шарофати” газетаҳо ин хабари шум ба зудӣ ба ҳамсари Камол –Сюзана расид ва ин зани мағрур ба ғазаб омада, тамоми кӯдаконашро ба муқобили падарашон шӯронд. Фарзандонаш аз Камол рӯй тофтанд, ҳамсараш бошад, ба рӯйи ин марди хиёнаткор туф карда, барои ҷудо шудан ба суд ариза навиштан мехост, аммо дар ана ҳамин шабу рӯзҳои душвор ҳодисаи ғайричашмдоште рӯй дода, писарашон аз ҷарӣ афтид ва сахт маъюб шуд. Табибон бо як овоз мегуфтанд, ки агар фавран ҷарроҳӣ гузаронида гурдаи шахси дигарро ба Мерт васл накунанд, вай зинда намемонад. Расонаҳо гӯё моҷарои зани дуюм доштани Камол Эпикчиро фаромӯш карда, акнун танҳо дар бораи он менавиштанд, ки бизнесмени машҳур барои писараш гурда меҷӯяд ва тайёр аст ба хотири зинда мондани фарзандаш тамоми дороияшро диҳад, вале чандин нафар ба ин пешниҳод розӣ шуда бошанд ҳам, гурдаи ягонтоашон ба гурдаи Мерт мувофиқ наафтид. Сюзана илоҷи дигар наёфта ба назди зани дуюми шавҳараш Нилгун меравад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки писараш Қодир гурдаашро ба Мерт диҳад, ҳамин ки писараш ба по бархост, онҳоро аз деҳа ба шаҳр бурда, аз сарашон тилло мерезад. Қодир ба суханони ин зан бовар накарда, дар наздаш шарт мегузорад, ки агар падараш расман аз Сюзана ҷудо шуда, модари ӯро қонунан ба занӣ бигирад, вай гурдаашро ба Мерт медиҳад. Сюзана ин шарти Қодирро қабул мекунад, вале пас аз он ки писараш Мерт ба по мехезад, аз қавли худ гашта, ба ҳуҷҷатҳо барои расман ҷудо шудан имзо намегузорад…
Ҳунарманде, ки Шарқро бо Ғарб мепайвандад
Маҳмад Булент Иналро дар ҷаҳон ҳамчун ҳунарманде мешиносанд, ки санъати Шарқро бо Ғарб мепайвандад. Ин ҷавони боистеъдод дар Туркия ба дунё омада, баъди хатми мактаби зодгоҳаш дар чандин шаҳрҳои олам ҳунари актёриро омӯхтааст. Дар давоми ҳамагӣ як соли кораш дар театри Истамбул Маҳмад тавонист исбот намояд, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда, вай ҳунарманди касбӣ аст ва аз уҳдаи офаридани душвортарин нақшҳо низ ба хубӣ мебарояд. Ҳамин буд, ки киноматографистон ба ин ҷавони зебои ҳунарманд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ӯро ба филмҳояшон даъват мекардагӣ шуданд.
Маҳмад Булен миллионер аст?
Ҳаёти шахсии Маҳмад Булен ҳамеша дар мадди назари рӯзноманигорон қарор дорад ва ҳафтае нест, ки дар борааш ягон хабари ҳангомавӣ чоп нашавад. Як рӯз менависанд, ки Маҳмад Булен миллионер аст, рӯзи дигар дар бораи маъшуқаҳояш мавод чоп мекунанд, рӯзи сеюм сирри дузанагию сезанагиаш фош мешавад, аммо худи ҳунарманд ин ҳама сару садоҳоро танҳо бо табассум қабул карда мегӯяд:
-Ман танҳо дар филмҳоям миллионер ҳастам, вале дар асл ҳунар ба ман ба ҷуз маҳбубият дигар чизе надодааст. Зиндагии хоксоронае дорам, аммо хушбахтам, ки одамони зиёде маро мешиносанд ва дар кӯчаҳо бо эҳтиром ба ман салом медиҳанд…
Рашки хонумонсӯз
Вақтҳои охир дар бораи ишқҳои бебарори Маҳмад Булен дар рӯзномаю маҷаллаҳо маводҳои бисёре ба табъ расиданд ва ҳунарманди машҳур маҷбур шуд, ки асрори зиндагиашро кушояд. Маълум мешавад, ки вай дар ҳақиқат актрисаи фариштахисол Туба Бюкустунро дӯст медоштааст ва онҳо пинҳонӣ никоҳ карда, ҳатто соҳиби як писарчаи нозанин шуда будаанд, вале шуҳрат ин оилаи ҷавонро вайрон кардааст. Маҳмад ба номаҳои зиёди ошиқона ва зангҳои бемавриди ошиқони ҳунари ҳамсари нозанинаш тоб оварда натавониста аз рашк Тубаро зери мушту лагад мегирифтааст ва билохира косаи сабри ҳамсараш лабрез гашта, аз баҳри зиндагӣ бо ин марди аз рашк девонашуда гузаштааст.
Моргазида аз ресмони ало метарсад
Баъди аз Туба ҷудо шудан Маҳмад ба актрисаи ҷавон Берен Саат дил баста, мехоҳад тӯйи пуршукуҳе ороста, ин зебосанамро ба занӣ бигирад, аммо рашки хонумонсӯз боз ба сари орзую ҳавасҳои ширини ин марди овозадор об мерезад. Берен мисли Туба мухлисони зиёде дошт, ки тайёр буданд ҷони худро барои ин паричеҳра фидо созанд ва Маҳмади ба қавли худаш “моргазида” аз тарси бори дуюм дар ҳаёт пешпо хӯрдан аз баҳри ишқу муҳаббати бузургаш гузашта, номи Беренро аз ҳаёташ хат зад.
Мелиса-фариштаи бахт
Маҳмади аз ишқ ба ҷуз ҷабру ҷафо дигар чизе надида баъди чанд соли сарсонию саргардониҳо ниҳоят бахташро дар симои духтараки ҷавоне дарёфт, ки қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи синамо мегузошт. Маросими никоҳ ва тӯйи пуршукуҳи Маҳмад ва Мелиса дар машҳуртарин тарабхонаи Истамбул барпо гашта, саросари мардуми Туркияро ба ҳайрат овард. Тамоми рӯзномаю маҷаллаҳо аксҳои зебои ин ҷуфти хушбахтро дар саҳифаҳои аввалашон чоп карда, ба навхонадорон бахти сафед мехостанд…
Имрӯз онҳо соҳиби як писарчаи нозанин ҳастанд. Актёр 4-солагии фарзандашро дар ҳалқаи беҳтарин ҳунармандони ҷаҳон таҷлил намуда умед дорад, ки ҳамсари нозанинаш Мелиса то лаҳзаи охирини умр ба ӯ содиқ монда, ӯро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад…
Мо ба ин ҷуфти зебо хушбахтии ҷовидона таманно дорем!
Омодасоз: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ