Шӯҳрати меҳмонхонаи «Хуҷанд» барқарор мешавад

 Меҳмонхонаи  «Хуҷанд» дар шаҳри Бӯстон азнавсозӣ гардида, кӯле, ки дар шафати он қарор дорад, таъмир хоҳад шуд.

Тавре масъулин зимни муаррифии лоиҳаи азнавсозии иншоот ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, кӯли шаҳри Бӯстон ба минтақаи истироҳативу фароғатӣ табдил дода шуда, шӯҳрати пешинаи он барқарор карда мешавад.

Дар ҳудуди кӯл бунёди обутобгоҳ, марказҳои хизматрасонӣ, ҷойҳои истироҳатӣ ба нақша гирифта шуда, меҳмонхонаи «Хуҷанд» низ бо назардошти талаботи замон пурра таъмир карда хоҳад шуд. Аз ҷумла, ҳуҷраҳои меҳмонхона ба пуррагӣ таъмир шуда, хатҳои обу ташноб ва барқ нав карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *