Шӯрои уламо: Ақди никоҳ тариқи телефон ҷоиз нест! (аудио)

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки ақди никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест.

Дар посух ба суоли як нафар корбари сомонааш, Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки «никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест, зеро дар маросими никоҳ шарт аст, ки арӯсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд, суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд».

Бояд гуфт, ки қаблан Шӯрои уламо мухолифаташро ба талоқ тариқи телефон низ баён дошта буд, гарчанде эътироф кард, ки бо риояи бархе нозукиҳо он воқеъ мешавад.

— Талоқ тариқи телефон қабул аст, агар мард пеши як муфтӣ, қозӣ, домулло ё хонадони зан тасдиқ кунад, ки маҳз ӯ дар телефон ҷавоби ҳамсарашро дода буд,- гуфта буд сармутахассиси шуъбаи фатвои Маркази исломии ҶТ Маҳмуд Сангалиев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *